барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА РАМ НАТХ КОВИНД
22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Шумо табрикоту таманниёти самимии хешро иброз менамоям.
Кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ - ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда, пеш бурда истодаанд.
Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро боз ҳам таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.
Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода талошҳои зарурӣ варзад.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳои нав ба нав дар масири иҷрои рисолати хеш ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.07.2017 №: 153-154 Мутолиа карданд: 2703