қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 4, мод. 215; с. 2003, № 4, мод. 152; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 1; с. 2009, № 12, мод. 813; с. 2016, № 7, мод. 602) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 8 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Риоя накардани савганд аз ҷониби узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани ӯ мегардад.».
2. Қисми сеюми моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
3. Дар сархати ҳафтуми моддаи 16 калимаҳои «ҳаллу фасли» ва «волидон» мувофиқан ба калимаҳои «ҳалли» ва «падару модарон» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми даҳуми моддаи 23 калимаи «умум» ба калимаи «омма» иваз карда шавад.
5. Дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 25 калимаҳои «шартномаю созишномаҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2017, № 1455
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 майи соли 2017, № 778
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 июли соли 2017, № 433
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.07.2017 №: 153-154 Мутолиа карданд: 2676