қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ - ҶУСТУҶӮӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 3, мод. 155; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 387) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- гирифтани иттилооти компютерӣ – ба даст овардани маълумоти барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ зарурӣ, тавассути сабти майдонҳои электронӣ ва физикӣ ҳангоми коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот, новобаста ба воситаҳои интиқол;».
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 6:
- дар қисми 1:
- банди 16) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«16) гирифтани иттилооти компютерӣ;»;
- банди 16) банди 17) ҳисобида шавад;
- ба қисми 6 пас аз калимаҳои «техникии алоқа» калимаҳои «ва иттилооти компютерӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2017, № 1447
Қарори Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 июни соли 2017, № 804
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 июли соли 2017, № 425
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.07.2017 №: 153-154 Мутолиа карданд: 2685