logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 614; с. 2014, №11, мод. 669) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон ифода карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- зарар ба муҳити зист – тағйирёбии номатлуби ҳолати муҳити зист дар натиҷаи ифлосшавии он, ки ба таназзули системаҳои экологӣ ва коҳишёбии захираҳои табиӣ сабаб мегардад;»;
- дар сархати понздаҳум калимаи «зараровар» ба калимаи «ифлоскунанда» иваз карда шавад;
 - дар сархати сиюм калимаҳои «чорабинӣ ва стандартҳои давлатӣ» ва «давлатӣ оид ба» мувофиқан ба калимаҳои «ва чорабиниҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ» ва «давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи» иваз карда шаванд;
- дар сархати сиюпанҷум калимаҳои «ва таҳдидҳое» ба калимаҳои «аз таҳдидҳое» иваз карда шаванд;
- дар сархати сиюҳафтум калимаҳои «санадҳои ҳуқуқии меъёрҳои техникӣ» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии техникӣ» иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 ва сархати якуми моддаи 5 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Ба қисми 2 моддаи 3 ва сархати чоруми қисми 1 моддаи 6 пас аз калимаҳои «аз ҷумла» калимаҳои «гуногунии биологӣ,» илова карда шаванд.
5. Моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, иҷтимоиву инфрасохторӣ ва дигар тадбирҳои таъсиррасонии давлатӣ мебошанд, ки ба таъмини ҳифз ва истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои об ва замин, сарватҳои зеризаминӣ, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар захираҳои табиӣ барои манфиати халқ равона карда шудаанд.
2. Барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист системаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки он ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити зисти солим ва мусоид нигаронида шудааст.
3. Асоси ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла консепсия, барнома, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист иборат мебошанд.».
6. Ба моддаи 5 пас аз калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шуда, дар сархати даҳум калимаи «табиат» ба калимаҳои «табиӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ,» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 7:
- ба ном ва қисмҳои 1 ва 2 пас аз калимаи «стратегия» калимаи «, дурнамо» илова карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои «давлатӣ оид ба» ба калимаҳои «давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи» иваз карда шаванд.
8. Номи боби 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ»
9. Дар моддаи 8:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;»;
- аз сархати чорум калимаҳои «ва ифлоскунии муҳити зист» хориҷ карда шаванд;
- сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- ба сархати нуҳум пас аз калимаи «стратегия» калимаи «, дурнамо» илова карда шавад;
- ба сархати сенздаҳум пас аз калимаи «миллӣ» калимаи «, дендрологӣ» илова карда шавад;
- сархати шонздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тасдиқи низомномаи он;».
10. Дар моддаи 9:
- дар номи модда калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар қисми 1:
- дар сархати якум калимаи «ягонаи» хориҷ карда шуда, пас аз калимаҳои «вазорату идораҳо,» калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «стандартҳои давлатӣ» ба калимаҳои «регламентҳои техникӣ» иваз карда шаванд;
- ба сархати панҷум пас аз калимаи «стратегия» калимаи «, дурнамо» илова карда шавад;
- дар сархати понздаҳум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- ба сархати шонздаҳум пас аз калимаи «идораҳо,» калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд;
- сархати ҳаждаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- додани иҷозатномаҳо ба баъзе намудҳои фаъолият ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои пешбурди фаъолият ё амали муайян дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ;»;
- дар қисми 2 калимаи «давлатӣ» ба калимаҳои «давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
11. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 10 калимаи «давлатӣ» ба калимаҳои «давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
12. Дар матни моддаи 11 калимаи «давлатиро» ба калимаҳои «давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
13. Дар қисми 2 моддаи 12:
- дар сархати дуюм калимаҳои «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» иваз карда шаванд;
- аз сархати сеюм калимаҳои «ва раъйпурсиҳо» хориҷ карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дар раванди баррасии лоиҳаҳои нақшаҳо, барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба муҳити зист, арзёбии таъсир ба муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳими экологӣ ширкат варзанд, натиҷаҳои таҳқиқот, таклиф ва фикру ақидаҳои худро нисбат ба лоиҳаҳои мазкур пешниҳод намоянд;»;
- дар қисми 3:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- муҳити зист ва захираҳои табииро ҳифз ва эҳтиёт кунанд;»;
- сархати дуюм хориҷ карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «муҳити зисти табиӣ» ба калимаҳои «захираҳои табиӣ» иваз карда шаванд.
14. Дар қисми 1 моддаи 13:
- дар сархати дуюм калимаи «бехатарии» ба калимаи «амнияти» иваз карда шавад;
- дар сархати панҷум калимаҳои «маҳаллӣ ва мақомоти марказии ҳоқимияти давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳо» ба калимаҳои «марказӣ ва маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- аз сархати ҳафтум калимаи «давлатӣ» хориҷ карда шавад.
15. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Системаи чорабиниҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид
1. Системаи чорабиниҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид маҷмӯи чораҳои ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва технологиро дар бар мегирад.
2. Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид аз тарафи давлат чораҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- таъмини амнияти экологӣ ва беҳсозии сифати муҳити зист;
- мӯътадилгардонии ҳолати муҳити зист, ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологӣ, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ;
- пешгирӣ ва бартарафкунии зарар ба муҳити зист ва ҳаёти инсон;
- таъмини идоракунии бехатари фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок;
- такмили усул ва технологияҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии захираҳои табиӣ;
- рушди системаи иттилоотӣ ва усулҳои назорати ҳифзи муҳити зист;
- тарғиби донишҳои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ.
3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор барои таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба муҳити  зисти мусоид масъул мебошанд.
4. Ҷойгиронии объектҳое, ки фаъолияти онҳо метавонад ба муҳити зист зарар расонад, бо назардошти фикру ақидаи аҳолии минтақаи дахлдор амалӣ карда мешавад.».
16. Дар моддаи 16:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «идораҳо» калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд;
- дар қисми 2:
- ба сархати дуюм пас аз калимаи «стратегия» калимаи «, дурнамо» илова карда шавад;
- ба сархати панҷум пас аз калимаҳои «квотаҳо ва» калимаи «тартиби» илова карда шавад;
- дар сархати ҳаштум калимаи «зиёне» ба калимаи «зараре» иваз карда шавад.
17. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 19. Лимиту квотаҳои истифодабарии захираҳои табиӣ
«1. Лимиту квотаҳои истифодабарии захираҳои табиӣ барои истифодабарандагони табиат бо мақсади муайян кардани андозаҳои ниҳоии истифодабарии захираҳои табиӣ, ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ва ҷойгиронии партовҳо дар ҳудуд ва мӯҳлати муайян муқаррар карда мешаванд.
2. Лимиту квотаҳои истифодаи захираҳои табиӣ барои истифодабарандагони табиат аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади тадриҷан расидан ба андозаҳои меъёрии истифодаи захираҳои табиӣ, ҳадди имконпазири ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳо бо назардошти вазъи экологии ҳудуд муқаррар карда мешаванд.».
18. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 20 калимаҳои «партофтани маводи» ба калимаҳои «партофтан, ихроҷи моддаҳои» иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 21:
- дар қисми 1 калимаи «зиёни» ба калимаи «зарари» иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои «маводи зарарнок» ба калимаҳои «моддаҳои ифлоскунанда» иваз карда шаванд.
20. Дар қисми 2 моддаи 23 калимаҳои «меъёр ва стандартҳои» ба калимаи «меъёрҳои» иваз карда шаванд.
21. Дар ном ва матни моддаи 26 калимаи «зарарнок» ба калимаи «ифлоскунанда» иваз карда шавад.
22. Дар номи моддаи 29 калимаи «, пестисидҳо,» ба калимаи «ва» иваз карда шавад.
23. Ба қисми 3 моддаи 32 пас аз калимаи «мушаххас» калимаҳои «, аз ҷумла гуногунии биологӣ» илова карда шаванд.
24. Дар қисми 1 моддаи 33 калимаҳои «муҳофизатии об» ба калимаи «муҳофизатӣ» иваз карда шаванд.
25. Номи моддаи 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 36. Экспертизаи экологӣ».
26. Дар қисми 1 моддаи 37 калимаи «хобондан» ба калимаи «боздоштан» иваз карда шавад.
27. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 40 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Санҷиши вазъи экологии корхона ё объекти дигари хусусигардонидашаванда тибқи нақшаи хусусигардонӣ пешбинӣ карда мешавад ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад.».
28. Дар қисми 3 моддаи 41 калимаҳои «қарор дода мешаванд» ба калимаи «мебошад» иваз карда шаванд.
29. Дар қисми 1 моддаи 43 калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» иваз карда шавад.
30. Дар моддаи 45:
- дар қисми 1 калимаҳои «растанӣ, аз ҷумла ҷангалзорҳо ва олами ҳайвонот» ба калимаҳои «олами наботот ва ҳайвонот» иваз карда шаванд;
- аз қисми 2 калимаи «ҳуқуқии» хориҷ карда шавад;
- дар қисми 3 калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» иваз карда шавад.
31. Дар қисми 4 моддаи 47 калимаи «давлатӣ» ба калимаҳои «давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
32. Дар қисми 3 моддаи 49 калимаи «аз» ба калимаи «тавассути» иваз карда шавад.
33. Ба номи моддаи 52 баъд аз калимаи «аз» калимаи «таъсири» илова карда шавад.
34. Қисми 2 моддаи 58 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Минтақаҳои офати экологӣ ва сарҳадҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.».
35. Ба моддаи 60 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Хусусиятҳо ва тартиби ташаккули иттилооти экологӣ, дастрасӣ ва тартиби пешниҳоди он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» муқаррар карда мешаванд.».
36. Дар қисми 2 моддаи 62 калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» иваз карда шавад.
37. Дар моддаи 65:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии таъмин ва гузаронидани мониторинги экологӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» муайян карда мешаванд.»;
- ба қисми 3 пас аз калимаи «стратегия» калимаи «, дурнамо» илова карда шавад.
38. Дар моддаи 69:
- дар сархати дуюми қисми 1 калимаҳои «стандартҳои давлатӣ» ба калимаҳои «регламентҳои техникӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтуми қисми 1 калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» иваз карда шавад.
39. Боби 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«БОБИ 14. АУДИТИ ЭКОЛОГӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ ОН»
Моддаи 73. Аудити экологӣ
Аудити экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома бо фармоишгар аз ҷониби аудиторони мустақил ва ташкилотҳои аудиторӣ метавонад дар намуди аудити экологии ташаббусӣ ё ҳатмӣ гузаронида шавад.
Моддаи 74. Ташкили аудити экологӣ, шартҳо ва тартиби гузаронидани он
Ташкили аудити экологӣ, шартҳо ва тартиби гузаронидани он, талаботи тахассусӣ нисбат ба аудиторҳо ва тартиби аттестатсияи онҳо, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудиторони экологӣ ва ташкилотҳои аудиториро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.».
40. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 76 калимаҳои «стандартҳои давлатӣ» ба калимаҳои «регламентҳои техникӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2017, № 1449

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 майи соли 2017, № 784

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе, 12 июли соли 2017, № 427


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 2670
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед