logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МОНОПОЛИЯҲОИ ТАБИӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод.168; с. 2008, № 10, мод. 814; с. 2013, № 12, мод. 899; с. 2015, № 11, мод. 977) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«ДАР БОРАИ ИНҲИСОРОТИ ТАБИӢ».
2. Дар матни Қонун калимаҳои «монополияи» ва «монополияҳои» мувофиқан ба калимаҳои «инҳисори» ва «инҳисороти» иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Ба қисми якуми моддаи 4 сархатҳои нуҳум ва даҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- ташхиси техникии лоиҳаи тарифҳо – таҳлили ҳолати техникии (тавсифи техникии) дороиҳои амалкунандаи субъекти инҳисории табиӣ ва гузаронидани корҳои зарурӣ, ки дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани дороиҳо, самаранокии   раванди технологӣ, аз он ҷумла хароҷоти масолеҳӣ ва меҳнатӣ, технологияи истеҳсолот мутобиқ ба меъёрҳои муқарраргардида, инчунин дараҷаи баамалбарорӣ ва дурустии тақсимоти воситаҳои асосиро аз рӯи намудҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодгардидаи танзимшаванда таъмин менамояд;
- ташхиси молиявии лоиҳаи тарифҳо – таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории субъекти инҳисории табиӣ бо мақсади баҳодиҳии иҷрои Қонуни мазкур ва қарорҳои қабулнамудаи мақомоти ваколатдори танзимкунандаи соҳаи инҳисории табиӣ, тақсимкунии даромадҳо, хароҷот ва баамалбарории дороиҳо ба ҳар намуди молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшаванда, ҳамчунин таъсири тарифҳои (нархҳои) амалишаванда ба нишондодҳои молиявии фаъолияти субъекти инҳисории табиӣ, санҷиши (баҳодиҳии) иҷрои сметаи тарифӣ ва риояи сиёсати баҳисобгирӣ, иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузорӣ;».
5. Дар моддаи 14:
- дар сархати панҷуми қисми якум калимаҳои «Феҳристи субъектҳои монополияҳои табиӣ, қоидаҳои тартиби баррасии парвандаҳоро дар бораи вайронкунии Қонуни мазкур» ба калимаҳои «Феҳристи субъектҳои инҳисори табииро» иваз карда шаванд;
дар қисми дуюм:
- ба сархати якум пас аз калимаи «тарифҳо» калимаҳои «, ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ,» илова карда шаванд;
- дар сархатҳои чорум ва панҷум калимаҳои «амрҳои» ва «амрияҳои» ба калимаи «амрномаҳои» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 18:
- ба сархати дуюми қисми якум пас аз калимаи «тарифҳо» калимаҳои «, ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи «зиддимонополӣ» ба калимаи «зиддиинҳисорӣ» иваз карда шавад.
7. Ба сархати якуми қисми якуми моддаи 19 пас аз калимаҳои «тарифҳои муқаррарнамудаи» калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» илова карда шаванд.
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                                                              Эмомалӣ   РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2017, № 1460

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 31 майи соли 2017, № 790


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 июли соли 2017, № 439


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2017    №: 155-156    Мутолиа карданд: 2705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед