қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РЕКЛАМА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи реклама» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
с. 2003, № 8, мод. 457; с. 2007, № 6, мод. 432; с. 2008, № 10, мод. 824; с. 2011, № 12, мод. 843; с. 2012, № 4, мод. 262; с. 2014, № 11, мод. 672; с.2015, № 3, мод. 224) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми дуюми моддаи 1, қисми чоруми моддаи 5, сархатҳои якум ва дуюми қисми сеюми моддаи 14 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
2. Ба моддаи 2 сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- воқеаҳои ҷорӣ - раванди воқеаҳои бавуқӯъомада, ҳодисаҳои муҳим, далелҳо аз ҳаёти шахсӣ ва ё ҷамъиятӣ, инчунин натиҷаҳои таҳқиқоту иқдомот;».
3. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 20:
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Сарпарастии реклама аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, манъ аст.»;
- дар қисми сеюм калимаи «ва» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2017, № 1456
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 31 майи соли 2017, № 792
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 июли соли 2017, № 434
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.2017 №: 155-156 Мутолиа карданд: 2729