ҳуқуқ
ОИЛАДОРӢ. БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ ТАШВИШОВАР АСТ
Аз як гузориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки бо вуҷуди тадбирҳои судманди ҳуқуқиву иҷтимоӣ ҳамоно ҷудошавии оилаҳо дар чанд соли охир аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондааст.
Роҳбарияти Суди Олии мамлакат ахиран дар суҳбат бо хабарнигорон аз афзоиши пошхӯрии оилаҳо изҳори нигаронӣ карда, бекоршавии ақди никоҳро дар байни ҷавонон ташвишовар арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон оид ба ҷудошавии оилаҳо 5091 парванда баррасӣ шуда, бо баровардани ҳалномаҳои судӣ 4178 ақди никоҳ бекор шудааст. Дар мавриди амалҳои зӯроварӣ дар оила гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҷониби судҳо 28 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 30 нафар баррасӣ гардида, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Бино ба гуфтаи Давлатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон 5040 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 516 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла, 3474 ақди никоҳ аз тариқи судӣ ва 1535 ақд аз ҷониби бахшҳои САҲШ - и шаҳру навоҳии кишвар дар асоси ариза ва ризояти тарафайн бекор гардидааст. Д. Сироҷзода дар мавриди ихтилофи теъдоди бекоршудаи ақди никоҳ аз тариқи судӣ байни Суди Олии кишвар ва Раёсати САҲШ иброз дошт, ки қарори суд пас аз як моҳ баъди мурофиа ба дасти шаҳрвандон мерасад ва манзури САҲШ - ҳои шаҳру ноҳияҳо мегардад. Бинобар ҳамин, шумораи нишондодаи Суди Олӣ зиёд аст. Сардори раёсат омилҳои асосии аз ҳам пошхӯрии оилаҳоро дар паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бадахлоқӣ, ба маҳкама кашида шудани ҷавонон, истеъмоли машрубот, бадмастӣ, кибру ғурур ва таънаи тарафҳои арӯсу домод ба ҳамдигар арзёбӣ намуд.
Ба андешаи Шарифамо Қурбонова, сардори бахши САҲШ - и ноҳияи Сино, баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳазорҳо ҷавононе, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ имкони барпо кардани маъракаи арӯсиву домодиро надоштанд, бо хароҷоти кам оиладор шуданд. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, теъдоди бекор шудани ақди никоҳ сол ба сол меафзояд ва масъалаи аз ҳам пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ташвишовар боқӣ мемонад. Дар урфият мегӯянд, ки «Ҳар он чиз, ки ба осонӣ ба даст ояд, зуд ва ба осонӣ аз даст меравад». Тарафҳо ҳини бекор кардани никоҳ ба давлат маблағи ночизе месупоранд. Баъзе ҷавонон аз ин имконот суистифода бурда ду - се маротиба хонадор мешаванд, ки ин амали носавоб боиси нигаронист. Шояд барои пешгирии аз ҳам ҷудо шудани оилаҳо ҷарима ба маблағи калон муқаррар карда шавад. Хуб мешуд, ки ин масъала дар сохторҳои дахлдор мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор гирад ва ба ҳукми қонун дарояд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2017 №: 157 Мутолиа карданд: 1438