logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Пратибҳа Патил

Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил ба Тоҷикистон субҳи 7 сентябри соли 2009  бо маросими истиқболи расмии ӯ дар назди Қасри Миллат идома ёфт.

Меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патилро дар назди Қасри Миллат Сардори давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Тоҷикистон, салом додан ба сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҷараён гирифт.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди минбар ба поён расид.
Масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Пратибҳа Патил аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар, дар маҷмӯъ  изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон зарурати тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаро таъкид доштанд.
Аз ҳамкорӣ миёни сохторҳои низомии ду давлат, ки асосан дар самти омодасозии кадрҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва мубодилаи иттилоот дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил ба нақш ва тадбирҳои зиддитеррористии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт: “Маслиҳату ҳидоятҳои муфиду ҳакимона ва обурӯи Шумо чун роҳбару сиёсатмадори ташаббускор дар таҳкими амнияту субот дар кулли минтақа бисёр муҳим аст”.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика ба манфиати ҳар ду кишвар маънидод гардид ва таъкид шуд, ки чунин ҳамкорӣ ба паст намудани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ низ мусоидат мекунад.
Хонум Пратибҳа Патил таъкид дошт, ки дар воқеъ доираҳои соҳибкории Ҳиндустон ба соҳаи энергетика ва саноати кӯҳии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва изҳори боварӣ намуд, ки масоили густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа имрӯз зимни анҷумани  соҳибкорони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Гуфтугӯйи пурмӯҳтаво ҳамчунин оид ба робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва масоили минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Хонум Пратибҳа Патил Сардори давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки ба Ҳиндустон сафари расмии ҷавобӣ анҷом диҳад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1899
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед