logo

ҳуқуқ

9 СОЛИ ҲАБС БАРОИ ҚАЛЛОБӢ ВА БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Алижон Ачилов, сокини шаҳри Ваҳдатро бо ҷурми қаллобӣ, ки мунҷар ба беш аз як миллион сомонӣ зарари молиявӣ шудааст, 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Алижон Ачилов дар суд нишон дод, ки номбурда моҳи апрели соли 2015 барои ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварии шаҳрванд Наврӯз Сафолов, ки дар бозори Ҷал-Ҷами шаҳри Душанбе ба ҳайси фурӯшандаи масолеҳи сохтмонӣ фаъолият мекард, даст ба қаллобӣ задааст. Ӯ аз фурӯшанда 300 халта ғӯргаҷ гирифта, ваъда додааст, ки маблағи онро баъд аз 15 рӯз пардохт мекунад. Аммо А. Ачилов  масолеҳи гирифтаашро дар бозори шаҳри Ваҳдат бо арзиши 8100 сомонӣ фурӯхта, аз он  танҳо 2000 сомониашро  дода, боқимондаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Маҳкумшуда такроран моҳи марти соли 2016, бо роҳи фиреб ба бовари директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авиценна”-и шаҳри Душанбе Комил Холиқов, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо сохтмони биноҳои баландошёна машғул буд, даромад. Аз номбурда аз бинои баландошёнаи воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро 32-34, бинои “Б”, хонаи истиқоматии дуҳуҷрадорро ба маблағи 49790 доллар, мутаносибан бо асъори миллӣ нархгузорӣ намуд. Сипас, онро ба Шафоат Ишанова ба маблағи 53000 доллар фурӯхт. Бар ивази ин маблағи пулӣ аз ӯ ду адад автомашинаи кироякаши тамғаи “Мерседес Спринтерс” ва 17000 доллар гирифт. Дар ниҳоят номбурда ба маблағи 5000 доллар ба ҶСК “Авиценна” 50 тонна семент ворид карду халос.
Бо гузашти вақт Алижон Ачилов ба К. Холиқов ваъда додааст, ки биноҳои навсохти баландошёнаашро бо маҳсулоти сохтмонӣ ва сӯзишвории дизелӣ таъмин менамояд. Ӯ бо роҳи фиреб аз номбурда автомашинаи тамғаи “Нисан-тиана” бо арзиши 15 ҳазор доллар, “Рендҷ-ровер” ба маблағи 43000 доллар, ВАЗ 21014 ба маблағи 3500 доллар, “Таёта-Авалон” 16000 доллар, “БМВ  Х-5”  ба маблағи 32000 доллар нархгузорӣ карда, гирифтааст. Бо ин амалаш А. Ачилов  ба ҶСК “Авиценна” ба маблағи умумии 73000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ 581491 сомонӣ зарар расондааст, ки ҷамъи зарари расондааш ба ҳамаи шахсони воқеиву ҳуқуқӣ беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.   
Ӯ, ҳамчунин, аз шаҳрванд Хуршед Сатторов ду автомобили тамғаи “Мерседес Бенс Спринтер” мутаносибан ба маблағи 6500 ва 11000 доллар, “Мерседес компрессор” ба маблағи 2700 доллар қабул намуда, дар натиҷа ба ӯ зарари калони модӣ расондааст. Фотима Алиева, сокини шаҳри Душанбе низ ба доми фиреби ӯ афтод. А. Ачилов 8 сентябри соли 2016, бо роҳи фиреб аз ӯ 22 ҳазор доллар гирифта, ваъда дод, ки дар кӯчаи Рӯдакӣ,  бинои №9, ки сохтмонаш нотамом аст, як хонаи якҳуҷрагиро барояш ҳуҷҷатгузорӣ менамояд. Вале, пас аз маблағи  пулиро ба даст овардан онро ба хазинаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авиценна”, ки сохтмони бинои мазкурро ба уҳда дошт, пардохт накарда, аз маблағи номбурда 12000 доллар маблағи қарзашро дода, 10000 долларро ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст.
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Сурайё Ҷобирзода ва айбдоркунандаи давлатӣ С. Раҳимов дар маҷлиси ошкорои судӣ 23 июни соли 2017, парвандаи ҷиноятиро нисбат ба судшаванда Алижон Ачилов баррасӣ намуда, ӯро бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 9 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи  ишғоли мансабҳои  ҷавобгарии моддидошта дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва фаъолияти соҳибкорӣ, ба муҳлати 3 сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, таъйин кард. Ҳамчунин, суд ҳукм кард, ки аз ҳисоби судшаванда Алижон Ачилов ба фоидаи ҷабрдидаҳо зарари расондашуда  рӯёнда шавад.
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2017    №: 161    Мутолиа карданд: 1280
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед