ҳуқуқ
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ. АЗ БОЗДОШТИ 138 НОБОЛИҒ ТО 8400 СОМОНӢ ҶАРИМАИ ВОЛИДОН
Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолияташро баҳри амалисозии сиёсати давлат, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Тавре Умарҷон Саидамиров, котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ҳамкории комиссия бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаҳои маориф, кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон ва варзиш дар самти таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии ҳолатҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят даст задани ноболиғон хуб ба роҳ монда шудааст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аъзои комиссия бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд. Дар ин давра аз ҷониби мақомоти ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дахлдори шаҳр 20 амалиёти муштараки профилактикӣ дар кӯчаю бозор, марказҳои компютерӣ, масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта бо номҳои «Тартибот», «Наврас», «Бозор», «Оворагард» гузаронда шуданд. Дар натиҷа 138 ноболиғ боздошт ва дар шуъбаи хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сабти ном шуд.
Зикр гардид, ки аъзои комиссия бинобар риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 86 нафар падару модар дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дод. Бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 70 нафар 8400 сомонӣ ҷарима ситонда шуда, ба буҷет ворид гардид.
Ба гуфтаи Умарҷон Саидамиров, дар шаҳр ҷиҳати амалӣ гардидани чорабиниҳои пешбинигардида ва дар ин замина тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ноболиғон, аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.08.2017 №: 162 Мутолиа карданд: 1300