ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Манзили истиқоматиеро, ки айни замон бо аҳли оилаам дар он зиндагӣ карда истодаам, соли 1998 дар асоси шартномаи шифоҳии иҷора ба иҷора аз соҳибмулки он гирифта будам. Соҳибмулк соли 2000-ум аз олам даргузашт. Ӯ ягон меросхӯр ё шахси наздик надорад. Муддати зиёда аз 15 сол аст, ки мо дар ин манзили истиқоматӣ зиндагӣ карда, ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ, барқ, об ва андозро сари вақт пардохт карда истодаем. Дар чунин ҳолат оё ман метавонам ин хонаро ба номи худам ба расмият дароварда, соҳибмулк гардам?
Б. Холқӯзиева, шаҳри Гулистон
- Тибқи муқаррароти моддаи 258 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон агар шаҳрванд молу мулки ғайриманқулро, ки ба ӯ тааллуқ надорад, муҳлати 15 сол софдилона ва бетанаффус ҳамчун моликияти ғайриманқули худ соҳибӣ карда бошад, ин шахс ҳуқуқи соҳибмулкиро ба моликият ба даст меорад.
Аз сабаби он ки шумо ва аъзои оилаатон зиёда аз 15 сол дар ин манзили истиқоматӣ зиндагии бефосила доред ва соҳибмулки он дар қайди ҳаёт набуда, ворисони қонунӣ низ надорад, ҳуқуқ доред ба суди маҳали зистатон бо ариза оид ба эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ дар асоси давомнокии муҳлати ба даст овардан, муроҷиат намоед.
* * *
- Шавҳари маро бо ҳукми суд 9 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ман мехоҳам аз ӯ ҷудо шавам. Барои анҷоми ин кор ба куҷо муроҷиат намоям?
Сарвиноз, шаҳри Қӯрғонтеппа
- Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” агар кадоме аз ҳамсарон барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд зиёда аз 3 сол аз озодӣ маҳрум шуда бошад, ҳамсари дигар метавонад яктарафа ақди никоҳро қатъ намояд. Аз ин рӯ, шумо метавонед ба мақомоти САҲШ бо ариза оид ба бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намоед. Дар ин ҳолат ғайр аз ариза нусхаи ҳукми судро, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, пешниҳод намоед.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2017 №: 163 Мутолиа карданд: 1297