logo

туризм

САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ. ИМКОНОТ ВА МУШКИЛОТ

Солҳои охир байни навъҳои сершумори сайёҳӣ экотуризм афзалияти бештар пайдо кард. Бо назардошти аҳамияти хоси соҳа солҳои охир дар ҷумҳурӣ марказҳои нави сайёҳӣ ташкил шуда, рушд меёбанд. Марказҳои куҳна таҷдиду барқарор ва шумораи парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ, мавзеъҳои фарҳангиву тамошобоб сол ба сол зиёд мешаванд. Шумораи сайёҳоне, ки ба тамошои чунин ҷойҳои шоёни таваҷҷуҳ ва аҷоиби табиат мароқ доранд, беш аз пеш меафзояд.

Минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон дорои неруи ғании сайёҳӣ буда, қисми ҷудонашавандаи раванди ҷаҳонии сайёҳӣ ба шумор мераванд. Вале дар онҳо нисбат ба дигар минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ сайёҳӣ камтар рушд ёфтааст. Минтақаҳои гуногуни кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла кӯҳҳои Фон, кӯлҳои Аловиддин, Искандаркӯл, Кӯли калон, Чуқурак, Бибиҷаннат, ҳафткӯли дараи Шинг, ағбаҳои Аловиддин, Лодан, Зурмеч, мамнӯъгоҳҳои «Бешаи палангон», «Ромит», дараи Варзоб, Боғи ботаникии «Бадахшон», кӯлҳои Сарез, Қарокӯл, Рангкӯл, Зоркӯл, Булункӯл, Яшилкӯл, Тузкӯл барои рушди сайёҳии экологӣ мусоид мебошанд. Алҳол ба ин минтақаҳо аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ва ҷаҳон сайёҳон ташриф меоранд. Мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани табиати минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон дар он аст, ки дар ин ҷо кӯҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои азим, намудҳои сершумори набототу ҳайвонот, обҳои мадании хунуку гарм, ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда мавҷуданд.
Сайёҳии экологӣ намуди махсуси фаъолият буда, ба гирифтани фоида ва гузоштани саҳм дар ҳифзи системаи экологӣ бо риояи ҳатмии қоидаҳо ва урфу одатҳои халқҳои маҳаллӣ равона шудааст. Дар ҳоли имрӯз мушкилоти асосии сайёҳии экологӣ хизматрасонӣ ва меҳмоннавозӣ ба шумор меравад. Доираи касбу коре, ки барои соҳаи экотуризм хос аст, ниҳоят васеъ мебошад. Хусусиятҳои асосии барои шахсони дар соҳаи экотуризм шуғлдошта ин муносибати доимӣ бо одамон аст. Аз ин лиҳоз, нафарони дар соҳаи мазкур фаъолиятбаранда бояд таҳаммулпазир, хушмуомила, хайрхоҳ ва боэътимод бошанд ва забонҳои хориҷиро донанд.
Дар бозори байналмилалии сайёҳӣ хизматрасонии сифатнок ба сайёҳон муҳим арзёбӣ мешавад. Бинобар ин, сифат ва фарҳанги хизматрасонӣ дар рушди сайёҳӣ «аслиҳа» - и пурқувват ба шумор меравад.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2017    №: 166    Мутолиа карданд: 2785
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед