президент
Судяҳо дар ҳузури Сардори давлат
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони мақомоти судии кишварро баҳри озод ва таъин намудан ба вазифаҳои пурмасъулияти соҳа ба ҳузур пазируфт.
Аз ҷумла Умед Бобоев бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Субҳиддин Баҳридинов муовини директори ҳамин марказ таъин гардиданд. Бояд таъкид намуд, ки онҳо олимони шинохтаи бахши ҳуқуқшиносии мамлакат мебошанд.
Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар ба вазифаҳои судя ва роҳбарони мақомоти судӣ таъин шуд, ки 15 нафарро кадрҳои ҷавони соҳа ташкил медиҳанд ва онҳо баъди гузаштани мӯҳлати яксолаи таҷрибаомӯзӣ дар вазифаи коромӯз-судя бори нахуст ба вазифаи судя таъин гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат онҳоро ба таъмини адолати судӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ҳидоят намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки вазифаи судя на танҳо баровардани ҳукми суд, балки ҳамчунин иштирок дар тарғиби тарзи ҳаёти бенуқсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки баҳри ба роҳ мондани курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар ва ҳамчунин оид ба омода кардани ҳуқуқшиносони сатҳи байналмилалӣ тадбирҳои судбахш андешанд. Таъкид гардид, ки судяҳо донишу малакаи худро бояд ҳамчунин бо истифода аз имконоти интернет ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ такмил диҳанд.
Дар сӯҳбат бо чанд нафар аз судяҳои ҷавони бори аввал ба ин вазифа таъиншуда маълум гашт, ки онҳо аз фаъолияти яксолаи коромӯзӣ дар вазифаи коромӯз-судя хеле баҳраманд гаштаанд ва дастуру ҳидоятҳои имрӯзаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар кору фаъолият ва такмили минбаъдаи ихтисосашон мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3923