logo

маориф

САЛОҲИЯТНОКӢ. ОН ЧӢ ГУНА ТАРЗИ ТАЪЛИМ АСТ?

Дар Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи маориф бо низом идома дорад. Яке аз тағйирот ин  гузаштани синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муносибати салоҳиятнокӣ мебошад. Аз моҳи сентябри соли 2016 синфҳои ибтидоӣ пурра ба ин тарзи таълим гузаштаанд. Ҳоло бо роҳбарии мутахассисони сохторҳои Вазорати маориф ва илм дар 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони синфҳои болоӣ таҷрибаҳои амалӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар назар аст моҳи сентябри соли равон дар синфҳои болоӣ муносибати салоҳиятнок зина ба зина оғоз гардад.
Пас, салоҳиятнок будани хонандагон чист ва он дар чӣ ифода меёбад? Бояд гуфт, ки ин гузариш талаби рӯз буда, дар муқоиса ба низоми анъанавии таҳсилот дар баробари баъзе умумиятҳо тафовути зиёд дорад ва аз соли таҳсили  2016 омӯзиши муносибати салоҳиятнок дар мактабҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 - и шаҳри Душанбе ҷараёни амалишавии “Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим”-ро бевосита мушоҳида кардем. Дар рафти дарс аз андешаронии хонандагони синфи 4  маълум мешуд, ки дарвоқеъ ин муносибат аллакай хонандаро ба ҷустуҷӯ ва фикрронии мустақилона таҳрик додааст. Доир ба ҳикояи «Се сайёд» фикрҳояшонро озодона баён намуда, байни амалҳои неку бад фарқ мегузоштанд ва барои ислоҳ шудани қаҳрамони хатокори ҳикоя мувофиқи фаҳмиши худ пешниҳодҳо ироа мекарданд.
 «Дар ин доира Вазорати маориф ва илм бо мақсади ба  меъёрҳои байналмилалӣ  ва стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани низоми таҳсилоти миллии кишвар ва ҷорӣ намудани муносибатҳои нави таълим дар  таҳсилот тадбирҳои мушаххас ва судманд меандешад. Яке аз онҳо татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2020 ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳуҷҷати муҳими соҳа зикр шудааст: “Низоми нави маориф, ки мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на  танҳо ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ низ такя менамояд, бояд ба хонандагон имконияти аз худ намудани салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро, ба монанди қабули қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касб, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, тайёрии касбии дар бозори меҳнат талаботдошта, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин намояд”, - иброз дошт Асрор Алиев, мушовири маҳаллӣ оид ба идоракунии қисмати дуюми лоиҳаи шарикии глобалии таҳсилот.
- Барои ба ин раванд гузаштан Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот ва умуман, тамоми  зерсохторҳои вазорат мавод, стандарт ва муносибатро дар 55 муассисаи таълимӣ озмуда, натиҷаҳои онро баррасӣ карданд ва ба хулоса омаданд, ки ин муносибат натиҷаҳои хуб хоҳад дод. Яъне, он қадамҳои аввалини гузоштаамон, аллакай,  ба мо имконият медиҳанд, ки натиҷаашро пешгӯӣ карда тавонем, - гуфт дар идома Асрор Алиев.
Дар давоми ду моҳ бо роҳбаладии мутахассисон тамоми омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. Дастурамали “Роҳнамо барои омӯзгорон”, ки Вазорати маориф ва илм ба ин муносибат аз чоп баровард, ба ҳамаи омӯзгорони мактабҳо дастрас шуд.  Дар он вазифа ва уҳдадориҳое, ки дар муносибати салоҳиятнок таълим дода мешаванд, зикр гардидаанд. Аз ҷумла,  дар дастурамал барномаҳо бояд чӣ гуна тарҳрезӣ гарданд, китобҳои дарсӣ чӣ гуна таҳия шаванд, омӯзгорон чӣ гуна нақшаи дарсашонро амалӣ созанд, чӣ гуна фаъолият ва натиҷаҳои хонандагон арзёбӣ гарданду раванди таълим дар муассисаҳо ба роҳ монда шавад, ба таври муфассал оварда шудаанд.
- Муносибати таълим ба салоҳиятнокӣ асосан ба ташаккули малакаҳои асосии маърифатӣ, ҳаёти иҷтимоии кӯдак ё ин ки хонанда равона карда мешавад. Агар низоми қаблӣ маҷмӯи донишҳоро фаро мегирифт (донишҳои асосии фан, донишҳои асосии ҳаёт), акнун мо диққати асосии раванди таълимро ба ташаккули салоҳиятҳо равона мекунем. Салоҳият ин маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратест, ки барои ҳалли ягон масъала равона карда мешавад. Дар ин ҷо хонанда на танҳо савод мегирад, балки таҷриба низ  ҳосил мекунад. Донистан ва таҷриба доштан куллан аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Шахс агар чизеро донад, ин маънои онро надорад, ки ӯ дар ҳамон самт таҷриба дорад. Барои ҳамин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавассути Вазорати маориф ва илм талаботро ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  ҷиддитар кард, - иброз дошт Файзиддин Ниёзов, ҳамоҳангсози лоиҳаи шарикии глобалии таҳсилот.
Албатта, ҳама гуна ислоҳот дар марҳилаҳои аввали татбиқ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Ҳангоми татбиқи ин таълим омӯзгорон ба баъзе душвориҳо дучор гаштанд. Китобҳои дарсӣ  низ таҳриру такмили ҷиддӣ мехоҳанд, ки ин мушкилӣ то ҷое ҳалли худро ёфтааст. Муносибати салоҳиятнок дар мактабҳои олӣ низ ба назар гирифта шудааст. Ба низоми кредитӣ гузаштан яке аз рукнҳои он мебошад. Оҳиста - оҳиста ҷомеаи мо ҳам ба ин раванд мутобиқ мегардад.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2017    №: 170    Мутолиа карданд: 6844
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед