маориф
САНГВОР. БА СОҲАИ МАОРИФ ТАВАҶҶУҲ ЗИЁД МЕГАРДАД
Ҷиҳати таъмин намудани пешрафти соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар ноҳияи Сангвор аз тамоми имкониятҳо истифода шуда, барои рушди соҳа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Зимни суҳбат сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Ғайратшо Шарифов иброз намуд, ки моҳи июни соли равон дар ноҳия курсҳои салоҳиятнокӣ барои омӯзгорони фанҳои математика, забон ва адабиёти тоҷик, технология дар ду марҳила ташкил ва гузаронда шуд. Дар марҳилаи якум 71 нафар ва дар марҳилаи дуюм 43 нафар омӯзгорон аз курсҳо гузашта, соҳиби сертификат шуданд. Соли гузашта дар макотиби ҳудуди ноҳия мушкилоти кадрӣ ба назар мерасид, ки ин ҳам бошад, нарасидани муаллимони забони русӣ, англисӣ, физика, математика ва химия буд. Аз ин лиҳоз, шуъбаи маорифи ноҳия баҳри бартараф намудани норасоии кадрҳо ва таъмини муассисаҳо бо кадрҳои маҳаллӣ тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуда истодааст, зеро маҳз кадрҳои худӣ метавонанд дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ин мушкилотро аз байн баранд. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 20 нафар мутахассисони ҷавоне, ки ба ноҳия равон карда шуданд 15 нафарашон ҳозир шуда, аз тарафи шуъбаи маорифи ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин гаштанд, вале 5 нафари дигар бо сабабҳои гуногун барнагаштанд.
Сафи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ сол аз сол зиёд гардида, эҳтиёҷ ба сохтани макотиби наву замонавиро ба миён меорад. Бино ба иттилои Ғайратшо Шарифов, пеш аз истиқлолият дар ноҳия ҳамагӣ 18 мактаб фаъолият менамуд. Дар замони истиқлоли кишвар 38 бинои таълимӣ азнавсозӣ гардида, ду мактаби замонавӣ дар деҳаҳои Чилдара (№ 2) ва Рубодон (№ 12) сохта ба истифода дода шуд. Давоми чор соли охир 9 мактаби ибтидоӣ ба асосӣ ва 8 мактаби асосӣ ба умумӣ табдил ёфт. Дар деҳаи Хубони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ташкил шуда, бинои он бо дастгирии мақомоти иҷроия дар якҷоягӣ бо аҳолӣ дар арафаи моҳи сентябр ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 51 - и деҳаи Алисурхони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ба муассисаи таҳсилоти асосӣ табдил дода шуда, дар назди он 2 синфхонаи иловагӣ сохта шуд.
Барои бо сарулибоси ягона таъмин намудани хонандагони макотиби миёна низ дар ноҳияи Сангвор чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, тибқи шартнома аз тарафи ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» ва корхонаи дӯзандагии «Чевар - 2014» - и ноҳияи Рашт либосҳои мактабӣ бо сифати хуб тайёр шуда, ба ноҳия ворид мешаванд. Тибқи шартномаи сетарафа байни шуъбаи маориф, соҳибкорон ва корхонаҳои дӯзандагӣ сарулибос ба макотиби ноҳия дастрас шуда, хонандагон метавонанд онро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар соли таҳсили 2016 - 2017 дар ноҳия 59 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 интернати наздимактабӣ, 1 интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, 1 кӯдакистон ва 15 маркази инкишофи кӯдакон фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 5210 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Имрӯзҳо дар ҳама муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои таъмиру барқарорсозии синфхонаҳо бо сифати хуб ба роҳ монда шудааст.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.08.2017 №: 171 Мутолиа карданд: 2441