маориф
ЛИБОСИ МАКТАБӢ. ТАЪМИНОТ БО ОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ЧӢ ГУНА АСТ?
Тайи чанд соли охир ҷиҳати таъминоти хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо либоси ягонаи мактабӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд. Дар минтақаҳои гуногуни мамлакат коргоҳҳои нави дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳам занону духтарони хонашину ниёзманд бо ҷойи кор таъмин мегарданд, ҳам бо нархи дастрас истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда мешавад.
Холмаҳмад Тӯраев, сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат, доир ба раванди таъминоти хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо либоси мактабӣ чунин ибрози назар намуд:
- Раёсати маориф дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр соли сеюм аст, ки баҳри иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таъминоти хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо либоси мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Дар шаҳри Ваҳдат айни замон 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Соли гузашта хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси ягонаи мактабии истеҳсоли корхонаҳои маҳаллии дӯзандагии шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла «Ёқут», «Марям» ва «Мафтуна», таъмин шуданд. Тибқи талабот ва дархости муассисаҳои таълимӣ мо барои 40 000 хонанда бо корхонаҳои дӯзандагии шаҳр шартнома ба имзо расонда будем. Имсол барои бо либоси мактабӣ таъмин намудани хонандагон бо корхонаҳои дӯзандагии «Марям» -у «Мафтуна» - и шаҳри Ваҳдат ва ҶДММ «Олимхони хуҷандӣ» -и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои омода намудани 36 000 либоси мактабӣ шартнома бастаем. Амалисозии шартномаи истеҳсол ва хариди либосҳои мактабӣ барои хонандагони шаҳр идома дорад. То имрӯз тибқи шартнома беш аз 5000 либоси мактабӣ омода гардидааст.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2017 №: 173 Мутолиа карданд: 2906