маориф
НУРОБОД. БЕҲБУД ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ
Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 - 2016 тадбирҳои зиёдеро рӯи кор овард. Тибқи барномаи мазкур дар назди 16 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 332 нафар фаъолият намуда истодаанд. Онҳо дар тайёр намудани кӯдакони хурдсол ба мактаб саҳми арзанда мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки то оғози соли таҳсили 2016 - 2017 дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ як муассисаи томактабӣ фаъолият менамуд, ки дар се гурӯҳи он кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шуда буданд. Моҳи сентябри соли 2016 дар маркази нави ноҳия - шаҳраки Дарбанд бинои муассисаи томактабӣ барои 140 ҷой аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО - и Роғун» сохта шуд. Муассиса аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафарашон ба ноҳия (25 сентябри соли 2016) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯзҳо ба ин муассиса, ки дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад, 56 нафар кӯдак ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ, теъдоди кӯдакони синни томактабии ба таълиму тарбия фарогирифташуда 431 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои масъулони шуъбаи маорифи ноҳия ҳамаи марказҳои амалкунанда бо воситаҳои таълимӣ, бозичаю маводи дафтардорӣ таъмин мебошанд. Аз ҳисоби ташкилоти мададрасон низ ба як қатор марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ кумак расонда шуд, ки барои беҳбуд бахшидани шароит дар марказҳои мазкур таъсири мусбат расонд.
Бояд зикр намуд, ки кӯдакистон дар ҳаёти кӯдак дигаргуниҳои муҳимро ворид менамояд. Аз ин лиҳоз, тарбияи онҳо дар муассисаҳои томактабӣ бояд дақиқ ва ҳадафмандона сурат бигирад. Иштироки мунтазами кӯдак дар фаъолияти мухталифи гурӯҳӣ муносибаташро ба ҳамсолону олами беруна тағйир медиҳад. Кӯдак дар бозиҳои гурӯҳӣ, машғулиятҳо ва сайругашт нозукиҳои рафтор, муносибати байни одамонро эҳсос намуда, муоширатро меомӯзад. Ӯ ҳамон вақт ба машғулиятҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ки маводи таълимӣ диққатҷалбкунанда ва байни мураббию тарбиятгиранда фазои солим ҳукмрон бошад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2017 №: 174-175 Мутолиа карданд: 2428