logo

туризм

ҚАЛЪАИ МУҒ БОЗ ЯК МАКОНИ САЙРУ САЁҲАТ ДАР ИСТАРАВШАН

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шарофати сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз ба як кишвари гулгулшукуфон табдил шуда, симои шаҳру навоҳии мамлакат ба куллӣ дигаргун гардид.

Шаҳри бостонии Истаравшан низ дар партави ин сиёсати хирадмандона ободу зебо гардида, ба як гӯшаи дилрабои ин сарзамини биҳиштосо табдил шудааст. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишвар ва талошҳои роҳбарияти шаҳр ахиран корҳои созандагиву ободонӣ, бунёди иншооти наву замонавӣ, барқарории ёдгориҳои таърихиву боғу гулгаштҳо вусъати тоза пайдо намуд. Дар ҳамин доира дар як муддати кӯтоҳ майдони Ғалабаи шаҳр ва гирду атрофи он навсозӣ шуд. Назди майдон бошад, ба яке аз ҷойҳои фароғатию истироҳатии сокинон ва меҳмонон табдил ёфт. Қариб тамоми ҷӯйборҳо нав шуда, роҳҳо мумфарш гардиданд.
Айни замон дар Қалъаи Муғ, ки яке аз ёдгориҳои бузурги таърихист,  корҳои барқарориву навсозӣ идома доранд. Раиси шаҳр нақшаи амфитеатрро тарҳрезӣ намудааст, ки имрӯзҳо дар ин ҷо садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, машғули ободкорианд. Рафти корҳои ободонию созандагӣ сокинони шаҳрро итминон мебахшад, ки бо намои тоза касб кардани симои ин макони таърихӣ шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин мавзеъ боз ҳам афзуда, дар бахши ҷаҳонгардии шаҳр такони нав бахшида мешавад. Ин иқдоми наҷиби шаҳрдорӣ дар арафаи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили дастгирӣ буда, мо сокинони шаҳрро водор месозад, ки дар вусъат бахшидани корҳои ободонии сарзамини хеш саҳми фаъол дошта бошем. 
Бахтиёр НАЗИРӢ,
директори осорхонаи
таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2017    №: 177    Мутолиа карданд: 3536
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед