маориф
ЛИБОСИ МАКТАБӢ. ДАСТУРАМАЛИ НАВ ТАҲИЯ ШУД
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагонро омода ва ҷиҳати татбиқ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешниҳод намуд. Ба гуфтаи кормандони вазорат он баробарии хонандагонро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин месозад.
Тибқи дастурамал барои ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ нарасондан аз истифодаи матоъҳои сунъӣ (синтетикӣ) худдорӣ мешавад. Домони сиёҳ ё ҷигарии духтарон бояд аз зону поён бошад. Ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва тоқӣ ба дарс омадан иҷозат дода шудааст. Барои писарон шими сиёҳ, хокистарранг бо куртаи сафед ва кабуди осмониранг, шиму костюми сиёҳ ё сафеди хокистарӣ бо куртаи сафед, кабуди осмонирангро тавсия додаанд. Ҳангоми сард будани синфхонаҳо хонандагон метавонанд дар дарс бо либоси гарми зимистона (камзӯлча, палто, жемпер ва куртка) нишинанд. Ҳамаи хонандагон ҳангоми ба дарс омадан бо худ сумка, портфел ё худ ҷузвдон мегиранд.
Дастурамал бо либоси варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои шанбегӣ), нимбараҳна, даридаву шикофтаи мӯдшуда, таблиғоти ғайрдошта, ки дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳои дигар давлатҳо дар онҳо тасвир ёфтаанд (аз қабили либосҳои танги суратдор, нимурён, доманҳои аз ҳад зиёд танг ва кӯтоҳ, футболкаҳо ва нимостинҳои тасвирдор, куртаҳои пур аз навиштаҷот, шимҳои суратдору гулдор, сатр, ҳиҷоб, шарфҳои сафеди дароз) ба дарс омаданро манъ намудааст. Барои духтарон, ҳамчунин, овехтани зиёда аз як гӯшвор дар гӯш, пӯшидани либосҳои синтетикии қиматбаҳо, рангу бори аз меъёр зиёди рӯю лабҳо, абрувон, расму тасвирҳо дар дасту пой, рӯю бадан, овехтани ҳар гуна ҷавоҳирот дар бинию гардан, абрувону пешонӣ ва дасту пой, истифодаи маводи ороишии аз андоза зиёд дар куртаву либосҳои тавсиявиро низ манъ кардааст.
Дар арафаи идҳои миллӣ (бахусус Наврӯз, Сада, Меҳргон) духтарон метавонанд бо куртаи атлас, адрас ва дигар либосҳои миллӣ, рӯймоли миллӣ (ё бе рӯймол) ба дарс ҳозир шаванд.
«Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарон уҳдадоранд, ки риояи тартиби либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд. Тибқи банди 94 «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 тасдиқ шудааст, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон уҳдадоранд, ки дар ҳолати аз ҷониби хонандагон халалдор шудани тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ, ба дарсҳо бе тайёрӣ омадан ва напӯшидани сарулибоси тавсиявӣ, падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд», - омадааст дар дастурамал.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2017 №: 177 Мутолиа карданд: 2652