logo

порлумон

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУН. АЗ МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ

Дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сулаймон Давлатзода,  раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки дар лоиҳа як қатор меъёрҳои нав пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост. Ҳамчунин, хатнасур минбаъд дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронда мешавад. Хатна бошад, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ сурат мегирад. Гузарондани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад. Инчунин, дар  моддаи 10 меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.
Сулаймон Давлатзода  зикр кард, ки дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11 қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, пешниҳод гардидаанд. Мувофиқи ин пешниҳодҳо тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронда шаванд. Бо мақсади ба низом даровардани маросими дафну азодорӣ тартиби гузарондани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад. Бо назардошти дархостҳо  ба моддаи 12 - и қонун тағйирот пешниҳод карда шуда, гузарондани маъракаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда мешавад.
Илова бар ин, тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳангоми баррасии он пешниҳодҳои шаҳрвандон ба инобат гирифта мешаванд.
Тағйироти назаррас ба моддаи 14-и қонун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, пешниҳод гардидаанд. Дар он дар асоси шартнома расондани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо масъул мегарданд.
Назар ба гуфтаи раиси кумита, аз ҷониби сокинони мамлакат, бахусус сокинони деҳот пешниҳодҳои зиёд оид ба вақти баргузории тӯю маросим ворид гардиданд. Бо назардошти ин таклифҳо ба моддаи 14 - и  қонун тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи онҳо тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8:00 то соати 22:00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18:00 то соати 22:00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6:00 то соати 22:00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8:00 то соати 22:00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18:00 то соати 22:00 гузаронда мешаванд.
Ба қонун меъёри  нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд. Сулаймон Давлатзода  зимни баррасии лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҷавобгарии шахсони  алоҳида барои вайрон намудани талаботи қонуни танзим пурзӯр карда шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 кодекси мазкур пешниҳод гардидааст,  барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр шуда, андозаи ҷарима нисбат ба шахсони мансабдор аз 250 - 270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне  аз 12500 – 13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500 - 520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 - 26 ҳазор  то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбат ба  онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузарондани анъана ва ҷашну маросимҳо низ  ҷавобгарӣ пешбинӣ гардида, ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи 600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ  ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 1000  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2017    №: 180    Мутолиа карданд: 3268
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед