маориф
Масъулон дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд
Раёсати маорифи вилояти Суғд мақолаи «Оё раванди таълим ба мақсад мувофиқ аст?», («Ҷумҳурият», 16 июни соли 2009, № 77)-ро дар маҷлиси васеъ баррасӣ намуда, барои тақвияти фаъолият дар самти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Алҳол бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо доир ба сари вақт аз аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳӣ гузаронидани муассисаҳои таълимӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд.
Дар соли 2009 аз 271 муассисаи таълимии ба нақша гирифташуда, то 1 августи соли равон 193-то аз аттестатсия гузашт. То охири сол нақшаи аз аттестатсия гузаронидани муассисаҳои таълимӣ пурра иҷро хоҳад шуд.
Дар самти аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани муассисаҳои таълимӣ низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Дар 8 моҳи соли равон 115 мактаби таҳсилоти умумӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба солҳои пешина хеле беҳтар аст.
Ҳамзамон рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (дар таҳрири нав) зери назорат қарор дошта, муроҷиатҳои довталабон барои гирифтани иҷозатнома сари вақт қонеъ гардонида мешаванд.
С. ҶАЛОЛОВ,
сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5441