маориф
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Соли равон, дақиқтараш чанд рӯз пеш, аз Маркази миллии тестӣ паёмак омад, ки ман донишҷӯи факултаи таърих ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон шудам. Ба ростӣ, аз шодӣ дар куртаам нагунҷидам. Он шаб, яъне шаби 3 август хобам набурд. Як бори дигар ба рӯзгори рафтаам нигаристам ва аз шодӣ ашк рехтам.
Соли 2011, пас аз хатми синфи 4 маро аз мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ба шаҳри Душанбе, ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ (барои бачаҳои душвортарбия) оварданд. Пас аз он дарк кардаму фаҳмидам, ки маро ба рӯйхати душвортарбияҳо дароварда будаанд, ҳарчанд дар худ сифатҳои бадро намедидам. Ин қадар буд, ки барои ҳақиқат талош мекардам, сухани дурусту ҳақро беибо ба рӯи баъзе аз омӯзгорони худашон ба тарбия ниёзманд мегуфтам.
Ин мактабро аз он чи ки мепиндоштаму тасаввур мекардам, беҳтар дарёфтам. Хосса муносибати омӯзгорону кормандонаш дар сатҳи баланд буд. Баъдҳо дарёфтам, ки ин ҳама низоми дурусти таълиму тарбияро сарвари нави таълимгоҳ Намозхон Бобоев ҷорӣ намудааст. Бо ташаббусу саъю кӯшиши ӯ бинои мактабу хобгоҳ тармиму таъмир ва замонавӣ гардид. Саҳни ҳар ду бино низ гулкориву зебо шуданд. Бо таҷҳизоти нави хонишу зист таъминамон намуданд. Соҳиби ҳаммоми замонавӣ гардидем.
Дар таълимгоҳ синфхонаҳои компютерӣ кушоданд. Фароғатгоҳи хонандагони ин мактабро, ки дар ноҳияи Файзобод буд, пурра таъмиру тармим намуданд. Ошхонаи наву замонавӣ сохтанд.
Ӯ, ҳамчунин, мураттиби китоби «Ба ёрии директорони мактабҳои махсус», ки соли 2010 ба табъ расидааст, мебошад. Хатмкунандагони ин мактаб дар даврони сарварии ӯ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва литсейҳои касбии алоқа, хизмат ва туризм дохил шудаанд.
Ман пас аз хатми синфи 9-и ин муассисаи таълимӣ ба мактаби президентии шаҳри Ҳисор дохил шудам ва онро хатм намудам. Дар ин ҳама, албатта, саҳми Намозхон Бобоев зиёд мебошад.
Бо ташаббуси ӯ мо ба мавзеъҳои таърихӣ ва зебои кишвар ба саёҳат мебаромадем, то меҳри сарзамини аҷдодӣ дар дилҳоямон бияфзояд ва ин Ватанро бештару бештар дӯст бидорем.
Маҳфилҳо дар соҳаҳои гуногун ба хотири пешрафти мо бо ташаббуси ӯ таъсис ёфтанд. Шабнишиниҳо, суҳбатҳои озод баргузор мешуданд.
Дар мактаб аз соли 2007, яъне даврони сарварии ӯ озмуни «Беҳтарин хонандаи сол» - ро таъсис доданд. Се сол, дақиқтараш аз соли 2012 то соли 2015, ман дар ин озмун ғолиб меомадам.
Ҳоло ӯ директори мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор мебошад. Аммо хонандагоне, ки дар даврони сарварияш муассисаро хатм кардаанд ва ё таҳсил намудаанд, бо ӯ дар иртиботанд. Рақами телефони ҳамроҳашро бо худ доранд. Занг мезананд, маслиҳат мепурсанд, ёрӣ мехоҳанд. Ӯ дар ин маврид ҳеҷ чизро дареғ намедорад.
Муродбек ЮЛДОШЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.2017 №: 183-184 Мутолиа карданд: 2414