logo

мулоқотҳо

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Мартин Мармӣ

15  сентябр   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Мармиро ба ҳузур пазируфт.
Мартин Мармӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хидматҳои махсусан муҳимаш дар рушди нақлиёт ва боркашонии байналмилалӣ бо Ордени Ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ  сарфароз гардонда, аз ҷумла изҳор дошт: «Таҷриба ва пешравиҳои Тоҷикистон дар рушди транзити байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани сабукиҳои гузариш аз сарҳади давлатӣ ва қаламрави кишвар барои 73 давлати боқимондаи аъзои ин иттиҳод намунаи ибрат аст».
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, ки дар чаҳорчӯби Конвенсияи гумрукӣ дар бораи боркашонии байналмилалӣ, Конвенсия дар бораи аҳдномаи байналмилалии боркашонӣ ва дигар санадҳо аз солҳои 90 – уми асри гузашта ба ин сӯ ҷараён дорад, баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба ин созмон ва шахсан Дабири кулли он Мартин Мармӣ  барои кӯмакҳои ташкилию моддӣ дар рушди имконоти боркашонии байналмилалии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Мусоҳибон оид ба беҳтаршавии фазои сармоягузории Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми инвеститсионӣ оид ба сохтмон ва азнавсозии  роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ва тавсеаи имконоти транзитии кишвар гуфтугӯйи судманд анҷом дода, омодагии худро баҳри рушди ҳамкории минбаъда дар ин самтҳо таъкид намуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз дар рушди коммуникатсияҳои нақлиётии Тоҷикистон 10 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Туркия, Италия ва созмонҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ иштирок доранд.
Аз он ки имрӯз миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ оид ба рушду такомули имконоти транзитии Тоҷикистон як санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти бештари нақши  Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ дар минтақа пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ доир ба масоили транзити нақлиётӣ  дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди имконоти транзитии Осиёи Марказӣ дар давраи то соли 2020» даъват гардад.

www.president.tj

Мартин Мармӣ, Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма чунин баён намуд:
-Ман бо Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди соҳаи нақлиёти Тоҷикистон ва боркашонии байналмилалӣ сӯҳбати хеле пурмӯҳтаво доштам. Аз номи Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ ба роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон, шахсан ба Президент Эмомалӣ     Раҳмон барои саъю талошҳои пайвастааш дар рушди коммуникатсияи нақлиётӣ ва дастгирии  Иттиҳоди байналмилалӣ миннатдории самимонаи худро баён намудам.
Мо бо Тоҷикистон, махсусан бо Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи кишвари шумо оид ба боркашонии байналмилалӣ ҳамкории зич ва мутақобилан судманд дорем. Барои тавсеаи ҳамкориҳо дирӯз дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки бешак барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳадафи асосии мо осон гардондани боркашонӣ ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ мебошад.
Мартин Мармӣ аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар мавриди убури сарҳади давлатии нақлиёти транзитӣ намуна аст. Ба гуфти ӯ, дар бисёр мавридҳо ронандагони нақлиёти боркаш 40 дар сади вақти худро дар сарҳадҳои гумрукии дигар давлатҳо мегузаронанд, ки ин ба Тоҷикистон хос нест.
Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ иброз дошт, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад ва дар ин ҳамоиш масоили доғи рӯз, аз ҷумла рафти иҷрои санадҳои баимзорасида, бунёди роҳу пулҳо ва рушди иқтисоду савдо дар кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1949
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед