номаҳо
ПУРХӮРИЮ ЗУДХӮРӢ. ЧИРО ТАБЛИҒ МЕКУНЕМ?
Аз расонаҳои ватанӣ хабари дар 11 дақиқа як кило оши палав хӯрдани сокини ноҳияи Аштро шунида ҳайрон шудам. Ҳодиса дар ҷашнвораи «Оши палав» - и шаҳри Хуҷанд рух додааст ва ин ошхӯр соҳиби унвони «Ошхӯри беҳтарин» - у 2000 сомонӣ ҷоиза ҳам шудааст.
Ҳайрати ман на аз он аст, ки ин мард дар муддати кӯтоҳ ин қадар ош хӯрдааст. Ҳайронам, ки ошхӯрон, эҷодгарон ва роҳандозони озмун ва дар ниҳояти кор кормандони расонаҳо магар намедонанд, ки зуд ва пур хӯрдани хӯрок (махсусан ош) ба саломатии инсон зиёни калон дорад? Ин магар роҳнамоӣ ба тарзи ҳаёти солим аст? Чӣ суд меёбад ҷомеа аз ин озмун, хусусан бо шарти «назар ба ҳарифон тезтар хӯрдан»?
«Хӯроки шумо бояд дармон ва дармони шумо хӯрок бошад», - гуфтааст падари илми ҷаҳонии тиб Ҳиппократ. Ҳазорон табибони машҳури Шарқу Ғарб, сар карда аз Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Мондино де Луччӣ, Квайдий Гален, Ибни Рушд, Абдулатиф ал – Бағдодӣ, Гарвей Везалий, Паратселс, Фракасторо, Паре, Раматсинӣ, пизишкони маъруфи дирӯзу имрӯз аз ин ҳикмат берун нарафтаанд.
«Дуруст хӯрок хӯрдан саросема нашуда хӯрдан аст. Хӯроки нисфирӯзиро давоми 40 дақиқа, субҳона ва шомро дар муддати на кам аз ним соат хӯрдан дуруст аст», - омадааст дар рукни аввали «Қоидаҳои асосии истеъмоли хӯрок». Минбаъд дар «Қоидаҳо» хӯрокро бафурсату баҳазур хоидан, ба андозаи муайян (аммо на 1 кило хӯроки вазнин) хӯрдан таъкид шудааст.
Ба андешаи мо, озмунҳо бояд на барои пурхӯрию зудхӯрӣ, балки барои оши палави бомаза, бо санъати баланд, истифодаи унсурҳои иштиҳоовару дармонбахш тайёршуда гузаронда шаванд. Агар илоҷи дигар набошад, ақаллан (!) зебою озодона ва боназокат хӯрданро шарти озмун муқаррар кардан беҳтар аст.
С. РАҶАБЗОДА,
сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.2017 №: 183-184 Мутолиа карданд: 2507