қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ»
Моддаи 1. Ба моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 4, мод. 151; с. 2007, № 7, мод. 696; с. 2009, № 3, мод. 84; с. 2012, № 7, мод. 718; с. 2014, № 7, қ.2, мод. 424) қисми чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ба хонандагон бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан манъ аст. Хонандагоне, ки бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ меоянд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 августи соли 2017, № 1463
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 августи соли 2017, № 852
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 августи соли 2017, № 444
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.2017 №: 183-184 Мутолиа карданд: 2522