logo

мулоқотҳо

Ҳисоботи телефонии раисони вилоятҳо ба Президент

14  сентябр  раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим телефонӣ ҳисобот доданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи раисони вилоятҳо ба масоили захира намудани маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт барои муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд.
Ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир  шуд.Таъкид гардид, ки тамоми кормандони мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ба ҳайси фитри рӯза лампаҳои каммасраф харидорӣ намуда, ба оилаҳои камбизоат бидиҳанд. Дастур дода шуд, ки рафти гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф зери назорати доимӣ гирифта шавад, то ки дар тамоми қаламрави мамлакат мутобиқи фармон иҷрои супориш таъмин гардад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳоро вазифадор намуд, ки тӯли ҳафтаи равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои арзон ташкил намоянд, то фаровонии дастархони мардум дар рӯзи иди саиди Фитр таъмин шавад.
Ҳамчунин аз мардуми саховатпеша даъват гардид, ки кӯмакҳои хайрияи худро,  пеш аз ҳама ба ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон тақдим намоянд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳоро оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили фаровони меваю сабзавот, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ ва иҷрои буҷети маҳаллӣ шунида, ба онҳо баҳри ҷоннок намудани кор дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дастуру ҳидоятҳо дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1952
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед