мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҚАМАР ҶОВИД БАҶВА
28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Қамар Ҷовид Баҷваро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба бесуботию ноамнӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, хусусан дар кишварҳои мусулмонӣ ва дигар мушкилоти умдаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре таъкид гардид, яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Покистони ба мо дӯст ин мусоидат ва иштироки фаъол дар таъмину таҳкими сулҳу суботи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки солҳои охир ҳамкориҳои артишҳои миллӣ, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистон густариш ёфта, сатҳу сифати нав касб карда истодаанд.
Ҳар ду ҷониб изҳори омодагии хешро барои густариши минбаъдаи ин ҳамкориҳо, ки бар асоси эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва ҳамдигарфаҳмӣ идома меёбанд, таъкид намуд.
Раванди татбиқ гардидани созишномаҳои бадастомада, ки самтҳои гуногуни ҳамкориҳои арсаи амнияту мудофиаи тарафҳоро дар бар мегирад ва кумакҳои низомию техникии Ҳукумати Покистон, ки дар тақвияти иқтидори амниятии Тоҷикистон барои мубориза бо хатарҳои минтақа нақш мегузоранд, ҷавобгӯи ниёзу манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба эътидоловарии вазъияти низомиву сиёсии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.2017 №: 183-184 Мутолиа карданд: 2447