logo

маориф

МАОРИФ. ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТИ ОН ДАР ТОҶИКОБОД

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд доранд ва пайваста таъкид менамоянд, ки  Ҳукумати кишвар барои пешрафти илму маориф аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Маҳз натиҷаи ғамхории Ҳукумати  кишвар ва Пешвои миллат аст, ки новобаста аз мушкилоти иқтисодӣ ва буҳрони молиявие, ки ҳоло тамоми ҷаҳон ба он рӯ ба рӯст, маблағгузории соҳа сол аз сол афзун мегардад, - гуфт  Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳияи Тоҷикобод, зимни баргузории ҷаласаи машварати августии омӯзгорони ноҳия.

Мирзомудин Носиров, мудири маорифи ноҳия, оид ба дастовардҳои соҳа суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар, шумораи муассисаҳои таълимӣ афзуда, аз 37 ба 43 адад расид. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 5, 6, 8, 9, 11, 15, 17 биноҳои иловагӣ  сохта ба  истифода дода шуданд. Ҳоло сохтмони  биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 27 ва 12 идома дорад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, зикр шуд, ки имсол  бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои дуошёнаи собиқ хоҷагии «Ҳаёти нав» ба тавозуни муассисаи таълимии № 10 гузаронда шуд. Таъмиру азнавсозии он аллакай оғоз гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия муассисаи таълимии № 18 низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар маркази ноҳия бо дастгирии сафорати Амрико бо маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ сохтмони Маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 303 нафар оғоз гардидааст. Тибқи нақша дар ноҳия бояд бинои шуъбаи маориф, мактаби мусиқӣ барои 180 нафар ва муассисаи таълимии № 1 сохта шаванд.
Масъалаи бо кадрҳои соҳибмаълумот таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби хатмкардагоне, ки тибқи  Квотаи президентӣ таҳсил намудаанд ва  хатмкардагони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт то андозае ҳалли худро пайдо намуд. Ҳоло ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои соҳибмаълумот таъмин мебошанд.
Набудани синфхонаҳои фаннӣ, тахтаҳои электронӣ ва дастрасӣ ба интернет,  мавҷуд набудани муассисаҳои томактабӣ дар деҳот, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ набудани баъзе синфхонаҳо  аз мушкилоти асосии соҳа арзёбӣ гардиданд.
   Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2017    №: 188    Мутолиа карданд: 2547
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед