маориф
МАСТЧОҲ
СИНФХОНАҲОИ КОМПЮТЕРӢ ЗИЁД МЕШАВАНД
Бо мақсади таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат бо компютер ва дигар воситаҳои техникии таълимӣ барномаҳои махсуси давлатӣ қабул гардида, амалишавии онҳо таҳти назорати қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар доираи амалишавии барномаҳои мазкур ва бевосита бо кумаку дастгириҳои Пешвои миллат имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Мастчоҳ 44 адад синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ташкил шуда, 728 адад компютер, 90 - принтер ва дигар лавозимоти техникӣ дар хизмати омӯзгорону хонандагон қарор дорад.
Таъкид сохтан зарур аст, ки давоми се соли охир бо мақсади таъмини муассисаҳои таҳсилотии ноҳия бо технологияҳои замонавӣ беш аз 100 адад компютер дастрас карда шуд, ки раванди сифатии иҷрои барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияро беҳтар намуд.
Раванди пайвасти синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ба шабакаи умумҷаҳонии Интернет бомаром идома дошта, айни ҳол 40 синфхонаи технологияи иттилоотӣ ба Интернет васл карда шудааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Мастчоҳ таълими технологияи иттилоотӣ пурра роҳандозӣ гардида, мутахассисон мерасанд. Ба хотири ташаккули маҳорату истеъдоди наврасон машғулиятҳои иловагӣ ва курсҳои омӯзишӣ гузаронда шуда, дар он хонандагон фаъолона ширкат меварзанд. Ҷиҳати ҷалби наврасони соҳибистеъдод Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф озмунҳо, семинар ва конфронсу озмунҳои эҷодӣ баргузор менамояд. Ин гуна тадбирҳо ба инкишофи ҷаҳонбинии хонандагон ва ҷалби онҳо ба эҷодкориву ихтироъкорӣ мусоидат мекунанд.
Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шуъбаи маорифи ноҳия минбаъд низ баҳри тарбияи сазовори насли наврас ва омода намудани ҷавонони дорои қобилияти баланди эҷодӣ мусоидат хоҳад намуд.
М. ДАВЛАТОВ,
сармутахассиси МТИК ноҳияи Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.09.2017 №: 188 Мутолиа карданд: 2504