номаҳо
МАҲБУБИ ДИЛҲО
Агар авроқи таърихро саҳифагардон кунем, мебинем, ки миллати заҳматкашу меҳнатдӯст, ободкору созандаи тоҷик бархӯрду таҳдидҳои зиёдеро аз сар гузарондааст. Аммо, бо вуҷуди ҳамаи ин фишору ноадолатиҳо, тоҷикон бинобар ҳунарманду боистеъдод, бурдбору пуртамкин буданашон дар бисёр самтҳои фаъолияташон рақибе надоштанд ва боҷуръатона ба пеш гом мебардоштанд.
Дипломати рус Е. К. Мейендорф соли 1826 дар бораи тоҷикон чунин гуфтааст: «Тоҷикон мардуми коршинос, меҳнатдӯст ва ҳунарманданд. Бештар ба кишоварзӣ, косибӣ ва тиҷорат машғуланд ва ба ҳаёти кӯчиёна таваҷҷуҳе надоранд. Аксарияти онҳо босавод буда, сокинони мутамаддини Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд». Бале, тоҷикон аз қадимтарин халқҳои дунё буда, дар ҳама давру замон забону миллати хешро нигоҳ доштаанд, аз ҳама гуна фишору таъқибу таҳқирҳо сарбаландона раҳо ёфтаанд.
Баъд аз он, ки 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ касб кард ва дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии кишвар вакилон сарвари арзандаи худро интихоб карданд, ин падида ба душманони миллату давлати тоҷикон хуш наомад. Мухолифони давлат байни мардум тухми низоъ коштанд. Пайомад он шуд, ки ҳазорҳо нафар куштаву даҳҳо ҳазор нафар гуреза шуд. Ҳама ҷоро тороҷ кардаву ба яғмо бурданд, иқтисодиёт ба зинаи пасттарин фаромад. Он солҳо тоҷикону давлати ягонаи онҳо дар вартаи хатарнок қарор дошт. Шахсе, ки ин давлату миллатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшид, бешубҳа, Сарвари хирадманду инсондӯст ва адолатпешаи мо Эмомалӣ Раҳмон аст.
Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр давлатҳои ҷаҳон мавриди баррасиву омӯзиш ва истифода қарор гирифт. Пешвои миллати мо дар ҷаҳон чун роҳбари сулҳдӯсту сулҳпарвар шинохта шудаву маъруфияти калонеро соҳиб гаштанд. Ин барои ҳар кадоми мо бояд боиси ифтихор бошад.
Хизматҳои дигари Пешвои муаззами миллат дар пешбурди давлати тоҷикон, эҳёи арзишҳои тамаддуни мардуми ориёинажод, шукуфоии ҳамаҷонибаи кишвар, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ пеши назари мардум аст. Махсусан, имрӯзҳо, ки қисме аз сайёраи моро оташи ҷангҳои миллатгароиву мазҳабӣ, харобсозии осори фарҳангиву таърихӣ фаро гирифтааст, фазои ороми кишвар ва ҳаёти хушу хуррами мо туҳфаи арзишманди сарвари тоҷикону тоҷикистониёни ҷаҳон ба халқи азизаш мебошад, ки ӯро маҳбуби дилҳо гардонидааст.
Юнусалӣ СИДДИҚОВ,
ноҳияи Ашт, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.09.2017 №: 188 Мутолиа карданд: 2651