logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЧИН

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРАЮТ ЧАН - ОЧА
5  сентябр дар доираи муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан - Оча доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мулоқоти самимию дӯстона анҷом доданд.
Дар мулоқот назари неки ҳар ду ҷониб ба дурнамои муносибатҳои ҳамкории байнидавлатӣ таъкид карда шуд ва рушду тавсеаи робитаҳои байни кишварҳо ҷавобгӯи манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардиданд.
Аз сатҳи муколамаи сиёсии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд ҳар ду ҷониб изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, туризм, маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид доштанд.
Барои ба сатҳу сифати нав расондани нишондиҳандаҳои муносибатҳои дуҷониба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ, ҷалби имкониятҳои сармоягузории ҷониби Таиланд дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори нақлиётию транзитии Тоҷикистон, ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва ифтитоҳи сафоратхонаҳои муқими кишварҳо ва хатсайри ҳавоии байниҳамдигарӣ зарур шумурда шуданд.
Ҷонибҳо аз афзоиши хатару таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори нигаронӣ карда, тақвияти амалҳои дастҷамъона ва бештару муассири давлатҳои худро ҷиҳати мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб таъкид намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суҳбати самимӣ аз Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид намояд. Даъват бо камоли майли ҷониби Таиланд пазируфта шуд.

СУҲБАТИ САМИМОНАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО ҶЕЙКОБ ЗУМА
5 сентябр дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума баргузор шуд.
«Мо аз таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, ки дар қитъаи Африқо ва дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд дорад, ҷонибдорӣ менамоем», - таъкид доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҳузури доираҳои иқтисодию сармоягузории Африқои Ҷанубӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ истиқбол хоҳад кард.
Муколамаи имрӯзаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои аъзои БРИКС имконияти бузурги баррасӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таҳкими муштаракоти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардид.
Ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбор бо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъкид шуд.
Дар ҳамин замина пешниҳод гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои номбурда ҳайати намояндагони доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар аввалин фурсати муносиб аз Тоҷикистон боздид намоянд.
Ҷонибҳо доир ба масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ табодули афкор намуданд.

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ ИШТИРОКЧИИ МУКОЛАМАИ КИШВАРҲОИ РУШДЁБАНДА ВА ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ БРИКС
5 сентябр дар доираи муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқотҳои судманд бо сарони кишварҳои номбурда тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ МУХТОРИ СИНЗИЯН УЙҒУРИ ЧИН
5 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Урумчи бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунист, котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи мухтори Синзиян Уйғур Чен Чуангуо ва раиси ҳукумати мардумии ноҳияи мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир мулоқот намуданд.
Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси боварӣ ва дастгирии муштарак рушду тавсеаи бештар меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
 Мусоҳибон татбиқи муваффақонаи Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тақвияти кори зеркомиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синзиян Уйғурро воситаи муҳими таҳкимбахши муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ намуданд.
Фаъолияти назарраси ширкатҳои бонуфузи ин ноҳияи пешрафтаи Чин дар Тоҷикистон таъкид гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ нақши онҳо дар рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии дуҷониба бештар гардонда мешавад.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, молиявию бонкӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, илмию фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Дар ин замина барои омодасозии мутахассисони сатҳи баланди соҳаҳои гуногун дар муассисаҳои олии таълимии ноҳияи мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гаштанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2017    №: 188    Мутолиа карданд: 8022
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед