logo

мулоқотҳо

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

Дар нимаи дуюми 7 сентябри соли 2017 бо ибтикори ҷониби Туркия миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Дар ибтидои суҳбат сарони ду давлат таманниёти неки худро ба ҳамдигар ба муносибати таҷлили санаи хотирмон дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия – 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвари бо ҳам дӯст иброз доштанд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум як силсила масъалаҳои мубрами дуҷониба ва байналмилалиро мавриди табодули афкор қарор доданд.
Сарвари давлати мо тазаккур доданд, ки муколамаи доимии сатҳи олӣ омили муҳими рушду таҳкими пайгиронаи муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Туркия дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Дар ин замина, паймон ҳосил гашт, ки  санаи ташрифи расмии Президенти Туркия ба Тоҷикистон мушаххас хоҳад шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ, сарони ду давлат дар робита ба вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянма ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд. Онҳо афзоиши исломбадбиниро дар Мянма ва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро  дар Ракхайн қотеона маҳкум карданд.
Аз ин лиҳоз, ҷонибҳо  ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ  сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.
Суҳбати телефонии сарони ду давлати дӯст дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайнро низ фарогир буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2017    №: 189-190    Мутолиа карданд: 2366
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед