маориф
"МАКТАБИ № 53: БОВАРИ КАС НАМЕОЯД"
(Ҷумҳурият», 29 майи соли 2017)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ин мақоларо дар машварати кории назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дод. Инчунин, ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳои дар мақола дарҷшуда чораҷӯиҳо намуда, ба масъулони соҳа ва иҷрокунандагон бобати дуруст ташкил кардани фазо ва шароити мусоид барои беҳтар сохтани сифати таълиму тарбияи хонандагон дастуру супоришҳо дода шуд.
Бояд зикр кард, ки дар ҳақиқат, вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 53 нигаронкунанда мебошад. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз 1 сентябри соли нави таҳсил хонандагони муассисаи таълимии мазкур дар бинои нави воқеъ дар деҳаи Чордара, ки аз се синфхона ва як утоқи корӣ иборат аст, ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Ҳамзамон, бо назардошти он, ки пешрафти ояндаи ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат ва ҷомеа аз натиҷаи фаъолияти соҳаи илму маориф вобастагии бевосита дорад, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 25 муассисаи нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 4800 ҷойи нишаст сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд ҷиҳати амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон вобаста ба рушди соҳаи маориф ва ба ин васила беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии ноҳия тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.
А. ВАЛИЗОДА, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.09.2017 №: 196 Мутолиа карданд: 2421