logo

туризм

БАЛҶУВОН ЭЪҶОЗИ НОТАКРОРИ ТАБИАТ

Имконияти рушди сайёҳӣ дар ноҳия, бо назардошти арзишҳои беназири  таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, ба андозае фароханд, ки Балҷувон метавонад яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сайёҳони ҷаҳон гардад.

Таъсисёбӣ ва ободию шукуфоии ноҳияи кӯҳии Балҷувон самараи файзу баракати даврони Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Бесабаб нест, ки сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон маҳз аз ҳамин ноҳияи кӯҳӣ оғоз гардид.
Балҷувон то соли 1921 маркази бекигарӣ, мирнишин, аз соли 1930 то  1954 бо 10 деҳшӯрою 260 деҳа ноҳияи алоҳида буд. 2 феврали соли 1996 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Балҷувон  бори дигар ҳамчун ноҳияи алоҳида арзи вуҷуд кард.
Балҷувон макони ватандӯстони асил, зодгоҳи 3 Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ - Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев ва Исмат Шариф аст. 
Нақши амали ватандороне, ки дар роҳи иҷрои дастуру раҳнамоиҳои Пешвои миллат Тоҷикистонро  беш аз пеш ободу зебо ва Истиқлолияти давлатии онро бо муҳаббату садоқати бепоёни хеш устувору қавитар мекунанд, боиси сарфарозии мост. Хушбахтона, чунин мардону занони бонангу ор дар Балҷувон зиёданд. Сарвари давлат дар сафари охири худ дар маркази ноҳия 2 бинои истиқоматӣ, дар маркази деҳоти Сари Хосор биноҳои таваллудхона ва шуъбаи маорифро  мавриди истифода қарор дода, ба сохтмони роҳҳои Кангурт – Балҷувон - Ховалинг ва Балҷувон - Сари Хосор  ҳусни оғоз бахшиданд.
Дурнамои рушди ноҳия, аз ҷумла  мавзеи  зебоманзари Сари Хосори он, хушҳолкунанда буда, ба қарибӣ дар марказ ва деҳот роҳ, хонаҳои истиқоматӣ ва бисёр иншооти  маъмурию сайёҳӣ мешаванд. Сокинони ноҳия дар вохӯрӣ бо Президенти кишвар, ки дар деҳоти Сари Хосор баргузор гардид, иброз намуданд, ки дар ояндаи наздик  ба хотири рушди соҳаи сайёҳии минтақаи Сари Хосор 7  меҳмонхонаи замонавӣ, 8 иншооти таъйиноташон мухталиф ва дар маҷмӯъ 20 иншооти муосир бунёд менамоянд. Ёдрас месозем, ки  ҳар сол, сарфи назар аз мушкилоти инфрасохторӣ, қариб сад  сайёҳи хориҷӣ, хусусан аз Русия, Фаронса, Испания, Италия, Олмон, ба тамошои Сари Хосор меояд. Ин дар муқоиса ба имконоти сайёҳии минтақа садҳо маротиба кам аст. Бояд таъкид намоям, ки Сари Хосор дар баробари табиати зебою нотакрор дорои вижагиҳои хеле мураккаби табиӣ низ мебошад. Маҳз ҳамин хусусиятҳо боиси то имрӯз бунёд нагардидани  роҳи автомобилӣ дар минтақаи сайёҳӣ шудаанд.  
Ноҳия дорои захираҳои фаровони табиист. То ҳамин наздикӣ корхонаи газу нафти Балҷувон фаъол буд. Айни ҳол раванди азнавсозию таҷдиди техникии корхона идома дорад. Дар ноҳия 11 неругоҳи хурди обӣ фаъолият мекунад. Неругоҳи обии Пушти Боғ рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад. Чарогоҳҳои серобу алаф баҳри рушди соҳаи чорводорӣ хеле мувофиқанд. Ҳоло дар деҳоти ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ хоҷагии зотпарварӣ амал мекунад.
Табиати ноҳия дорои  қариб тамоми гиёҳҳои шифобахш аст. Дар сурати хуб ба роҳ мондани ин захираҳои мавҷудаи табиӣ ва бунёди корхонаҳои саноатии истеҳсоли доруворӣ рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия метавонад суръати тоза касб намояд. 
«Модари иқтисодиёт таблиғ аст», - мегӯянд аврупоиён. Баробари минтақаи байналмилалии сайёҳӣ эълон гардидани мавзеи Сари Хосор дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шуъбаи сайёҳӣ таъсис ёфт, ки самти асосии фаъолияти он марбут ба таблиғи мавзеъҳои таърихию диданибоби  минтақа аст. Новобаста ба мушкилоти мавҷуда, ба тамошои Сари Хосор омадани сайёҳони хориҷӣ худ гувоҳи фаъолияти таблиғотист. Набудани роҳ ва иншооти муосири хизматрасонӣ то ҳол ба кори  ҷалби сайёҳон таъсири манфӣ мерасонд. Акнун ин мушкилот ба шарофати файзи қадами мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарҳади ҳаллу фасл қарор дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ  ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии Балҷувон, хусусан дар самти татбиқи барномаи давлатии рушди сайёҳӣ, тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Яке аз ин тадбирҳо ҷалби гурӯҳи хабарнигорон ба мавзеъҳои диданибоби Сари Хосор аст. Баъди боздиди Сарвари давлат аз ноҳия 3 гурӯҳи  калони хабарнигорони ҷумҳурӣ бо даъвати мо ба Сари Хосор ташриф оварданд. Ҳоло ҳамарӯза аз ҷониби онҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо дар бораи Шаршараи Пушти Боғ,  чанорҳои азими деҳаи  Даштаро ва дигар мавзеъҳои дилкаши Сари Хосор барномаҳои телевизионӣ ва мақолаҳо ба нашр мерасанд. Аммо ин ҳанӯз, ба андешаи ман, кам аст.  Балҷувон, арзишҳои табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии он ба ташвиқу тарғиб дар сатҳи байналмилалӣ, хусусан дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аҳолиашон қариб нисфи бошандагони  сайёраро  ташкил медиҳад, меарзад. Боварӣ дорам, ки  минбаъд  ин амал вусъати тоза пайдо мекунад ва Балҷувон бо арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати нотакрори худ ба яке аз минтақаҳои машҳури сайёҳии ҷаҳон табдил меёбад.
Маърифат ЗОИРЗОДА, раиси ноҳияи Балҷувон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2017    №: 196    Мутолиа карданд: 2596
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед