маориф
МАСЪУЛИЯТ. ҲАМКОРИИ ОИЛАВУ МАКТАБ ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД НОГУЗИР АСТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ изҳор доштанд, ки омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар танҳо дар сурати пойдории сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имконпазир мебошад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳамият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳпарварӣ тарбия намоянд».
Дар Тоҷикистон Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дорад. Агар ба мероси адабии ниёгонамон ба дидаи таҳқиқ назар андозем, хулоса кардан мумкин, ки онҳо аксаран панду насиҳатанд ва аз таҷрибаи рӯзгор гирифта, ба таълиму тарбияи насли наврас, хусусан ба донишандӯзӣ нигаронда шудаанд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 қабул гардид, масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудаанд. Дар қонуни мазкур, пеш аз ҳама, масъулияти асосӣ ба зиммаи волидон гузошта шудааст. Дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ яккаву танҳо гаштугузор кардани кӯдакони то шашсола боиси беназоратии фарзанд ва бавуҷудоии падидаҳои номатлуб ба монанди оворагардӣ, талбандагӣ ва ғайра мегардад. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки кӯдакони то шашсола ба таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шаванд. Дар моддаи 15 қонуни мазкур ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд омадааст: «Дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».
Амали ин қонун дар маҷмӯъ масъулияти ҳам волидон ва ҳам омӯзгоронро дар ростои таълиму тарбияи фарзандон баланд бардошт. Бо вуҷуди аз байн нарафтани камбудиҳо, дар ин самт пешравиҳои назаррас ба миён омада, сифати таълиму тарбия ба гунаи мусбат тағйир ёфт. Аз ҷумла, дар муассисаи таълимии томактабии № 154 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи ин қонун робитаи мураббиён бо падару модари тарбиятгирандагон васеъ ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои босамар ба миён овард. Ин кӯдакистон муассисаи таълимии махсусгардондашуда маҳсуб меёбад ва фарогири 420 кӯдак буда, аз чор гурӯҳи русӣ ва даҳ гурӯҳи тоҷикӣ иборат аст. Имсол мо 114 кӯдакро ба мактаб гусел кардем. Волидону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои таълиму тарбияи намунавӣ аз мураббиён хеле сипосгузоранд.
Бо падару модарон дар мавзӯъҳои зарурӣ семинарҳо мегузаронем ва онҳо ҳар се моҳ аз пешравию дастовардҳо ва камбудиҳои фарзандонашон огоҳ мегарданд. Мо ҳамеша мекӯшем, ки фарзандони мо насли ватандӯст, баору номус ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя расанд.
Мадина ҲАМИДОВА,
мудири муассисаи
таълимии томактабии
№ 154 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.09.2017 №: 197 Мутолиа карданд: 2347