мулоқотҳо
Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, ки ҳангоми сӯҳбат Сардори давлати Тоҷикистон бори дигар ҳамтои озарбойҷонии худро ба муносибати дубора интихоб шуданаш ба мансаби олии раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон аз самими дил табрик намуд.
Роҳбарони ҳар ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба табодули назар намуданд. Ҳангоми сӯҳбати телефонӣ таваҷҷӯҳи хоса ба масъалаҳои вобаста ба созишномаи ҳамкориҳо, ки соли гузашта дар рафти сафари расмии роҳбарони ҳар ду кишвар, дар шаҳрҳои Душанбе ва Боку имзо шуда буданд, зоҳир карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар рафти сӯҳбат оид ба густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба, ки ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар мебошанд, бори дигар изҳори ҷонибдорӣ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 9483