фармонҳои президент
Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи Соли маориф
ва фарҳанги техникӣ
эълон намудани соли 2010"
Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи маориф, ташаккули пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, таъмини сифати таҳсилот ва рушди тафаккури техникии аҳолӣ фармон медиҳам:
1. Соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ барои амалӣ намудани фармони мазкур тадбирҳои амалӣ андешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 сентябри соли 2009, № 707
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2470