туризм
БАДАХШОН.
ТЕЪДОДИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ МЕАФЗОЯД
Ташрифи зиёди сайёҳон аз Аврупо, Осиё, Амрико ва кишварҳои ИДМ ба Бадахшон далели он аст, ки ин минтақаи кишвари азизамон барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиб мебошад.
Игор Фролов аз шаҳри Авдеевкаи Украина мегӯяд, ки се ҳафта боз дар Тоҷикистон қарор дорад. Бо мақсади боздид аз Бадахшон, роҳпаймоӣ дар масири М 41, тамошои кӯҳҳои барфпӯш ва шиносоӣ бо тарзи зисти мардуми маҳаллӣ ба ин минтақа бо дучарха омадааст. Дар бораи зебоиҳои Тоҷикистон зиёд шунида буд, вале аз наздик дидани ин табиати аҷиб ҳаловати дигар мебахшад.
Мегги аз Малайзия иброз дошт, ки сафар ба Бадахшон барояш басо фараҳбахш аст. Сокинони ин ҷо ниҳоят меҳмондӯстанд. Либосҳои рангин ва хӯрокҳои лазизи миллӣ барояш бештар диққатҷалбкунандаанд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи аҷиби кӯҳӣ мебошад. Дар тамоми ҷаҳон танҳо ду минтақаи монанд: баландкӯҳҳои Тибет ва Болив мавҷуд аст. Вилоят бо сабзазорҳои алпӣ, водиҳои зебои дар баландиҳои 2000-3000 метр ҷойгирбуда, меъмории ғайримуқаррарии шаҳракҳои кӯҳӣ, пиряхҳои бузург ва қаторкӯҳҳои баланд дили ҳар бинандаро тасхир мекунад.
Боиси тазаккур аст, ки пиряхҳои ин минтақа қариб тамоми дарёҳои Осиёи Миёнаро сероб мегардонанд.
Сайёҳӣ дар Бадахшон дар ҳоли рушд қарор дорад. Ба ин ҷо асосан нафароне меоянд, ки сайёҳии экологиро меписанданд. Онҳо алоҳида ё ду - се нафар бо дучарха саёҳат мекунанд. Дар баробари ин, ҳамасола дар Тоҷикистон Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардон баргузор мегардад, ки ҳангоми он кӯҳнавардон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба қуллаҳои баландтарини Помир мебароянд. Ба қуллаи Исмоили Сомонӣ беш аз бист масир тай шудааст. Масири классикии баромад ба қулла аз чамани Москвин оғоз мешавад. Замини махсуси ин минтақаи кишварамон барои рушди сафарҳои сайёҳӣ, машғулият ба шухпаймоӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии кӯҳӣ дар ҳамбастагӣ бо шикор ва аксбардорӣ, рафтинг, парапланеризм ва дигар навъҳои сайёҳии экстремалӣ мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи Ризо Раҳматшоев, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, пас аз таъсиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шуъбаи оид ба рушди сайёҳӣ ташкил шуда, айни ҳол масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо ҷараён дорад. Ғайр аз ин, дар Бадахшон Ассотсиатсияи эко-фарҳангии сайёҳии Помир (ПЭКТА) фаъолият мебарад.
- Хосса ҳамин сол теъдоди зиёди сайёҳон аз Бадахшон дидан карданд, - афзуд Р. Раҳматшоев. - Дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Тибқи супориши Сарвари давлат қад - қади шоҳроҳ қитъаҳои махсус муайян гардидаанд. Акнун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри равнақу ривоҷи бахши туризм инфрасохтори зарурӣ бунёд меёбад.
Чуноне ки Р. Раҳматшоев иброз медорад, ҳоло дар вилоят 12 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Аз ҳисоби онҳо бо дастгирии Барномаи ҷонибдори инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон Ассотсиатсияи эко – фарҳангии сайёҳии Помир ташкил ёфт. Хатсайрҳои сайёҳӣ таҳия гардида, сайёҳон тавассути он ба мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ сафар менамоянд.
Сайёҳон дар Бадахшон метавонанд аз манзараҳои зебои қаторкӯҳҳои Ванҷ, Рӯшон, Шоҳдара, Зулумарт, Зоолой, қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Карл Маркс , дарёҳои пуртуғён, чашмаҳои мусаффо, кӯлҳои Қаракӯл, Булункӯл, Сарез, Зоркӯл, деҳаҳои кӯҳӣ ва боқимондаҳои қалъаҳои қадима боздид намоянд.
Яке аз мавзеъҳои ҷолиб «Гармчашма» мебошад, ки на танҳо дар Тоҷикистон балки берун аз он ҳам машҳур аст. Тибқи маълумот, чашма асрҳо боз мавҷуд аст, зеро танҳо дар тӯли ҳазорсолаҳо чунин таҳшини бузурги оҳаксанг ва шалолаҳои ба поинафкананда ташаккул ёфта метавонист. Ҳарорати об дар дохили ҳавзҳо аз +38 то +500С аст. Оби сулфиди ангидриди карбони «Гармчашма» барои табобати бемориҳои пӯст илман исбот шудааст. Он дар қисмати ҷанубу ғарбии вилоят, 45 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр, ҷойгир мебошад. Сокинони маҳаллӣ оби чашмаро муқаддас мешуморанд, зеро хусусияти табобатии он аз замонҳои қадим маълуму машҳур аст.
Мавзеи дигари аҷибу ҳайратангези минтақа, ки ҳамасола барои дидани он сайёҳони зиёд аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ташриф меоранд, Боғи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар он кӯҳҳои босалобату водиҳои сарсабз, дарёҳои боғалаёну кӯлҳои оби мусаффо, марғзорҳои кӯҳнавардиву бешаҳои кӯҳӣ ҷой гирифтаанд. Инчунин, Боғи миллӣ қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо, Зоолой, Зулумарт, қисми шарқии қаторкӯҳҳои Ванҷ, Язгулому Дарвоз, қуллаҳои баландтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дараи дарёҳои Баланд – киику Сауксой, пиряхи Федченко, марғзори Москвин, кӯли Қаракӯл ва Сарезро дар бар мегирад. Боғи миллӣ яке аз минтақаҳои калонтарини ҳифзшавандаи табиӣ дар мамлакат ва Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Масоҳати он 2,6 миллион гектар буда, 18 дарсади масоҳати умумии Тоҷикистон ва 60 дарсади ҳудуди ВМКБ - ро фаро мегирад.
Ҷои шубҳа нест, ки дар ояндаи на чандон дур ин минтақаи зебову афсонавии кишварамон бо бунёд ёфтани инфрасохтори зарурии туристӣ дар рушду равнақи соҳаи сайёҳии мамлакат нақши муассир хоҳад бозид.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»,
Душанбе – Бадахшон – Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.09.2017 №: 199 Мутолиа карданд: 2732