logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО САРВАЗИРИ КАНАДА

20 сентябр дар шаҳри Ню - Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72 - юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Канада 25 сол сипарӣ мешавад ва дар ин давра ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ки дар асоси усулҳои ҳусни эҳтиром, эътимод ба ҳамдигар ва эътирофи мутақобилаи манфиатҳо оғоз ёфтаанд, дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду такомул пайдо кардаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон кумакҳои Канадаро ба сохторҳои қудратӣ, таҳкими марз бо Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии фаъолияти коллеҷи марзбонии САҲА дар Тоҷикистон, ширкати коршиносони кишвари Канада дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон ва Афғонистон баланд арзёбӣ менамояд.
Барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, амнияту бехатарӣ ва идоракунии сарҳад фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд.
Дар робита ба хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҷонибҳо зарурати тақвияти ҳамгироиҳои байнидавлатиро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид намуданд.
Табодули афкори судманд доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ низ сурат гирифт.
Мулоқот дар рӯҳияи созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид намояд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 2453
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед