logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АХИМ ШТАЙНЕР

20 сентябр дар шаҳри Ню - Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72 - юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаи вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми барномаи рушд дар ҳалли ниёзмандиҳои кишвари мо баҳои баланд доданд.
Ахим Штайнер аз ташаббусҳои ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти умдаи замони муосир ёдовар шуда, мавқеи пойдор ва нақши пешоҳангию пешсафии Сарвари давлати тоҷиконро дар амалигардии барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид ба таври шоиста арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба масоили рӯзмарраю мавриди таваҷҷуҳ, аз қабили иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иҷтимоию иқтисодӣ, мусоидат ба иҷрои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Рӯзномаи 2030 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳалли масоили глобалии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори зарурии ҳаёт ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф табодули афкор намуданд.
Ҳамфикрии мусоҳибон дар масъалаҳои муҳими дигари ҳамгироиҳои байналмилалӣ, ба монанди мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, харидуфурӯши одамон, коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ таъкид гашт.
Изҳори боварӣ шуд, ки ҳамдастию муносибатҳои дӯстонаю манфиатбори Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар оянда низ самимию судманд боқӣ хоҳанд монд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 2458
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед