logo

номаҳо

БОЙГОНИИ ТАЪРИХ

Нахуст аз тасмимҳои чанд вақти охири рӯзномаи «Ҷумҳурият» истиқбол мегирем, ки чун як нашрияи милливу бонуфузи кишвар дар роҳи худшиносиву худогоҳиҳо  қадамҳои устувор мезанад. Эълони озмунҳое дар бобати мавзӯоти муҳим ва симову шахсиятҳои фарзона ин дар навбати аввал арҷгузорӣ ба ганҷинаҳои миллат ва хидматҳои фарзандони миллат мебошад. Албатта, бидуни озмунҳо низ ин нашрия дар фаъолияти худ таҳаввулеро ба вуҷуд оварда истодааст. Саҳифаҳо, гӯшаҳо, рубрикаҳо ва амсоли он бо махсусиятҳои нав (дар навбати аввал рӯзмаррагиву оммавият) симои рӯзномаро тағйир дода, онро ҳамоҳанги замона сохтаанд. Эълони озмунро (дар радифи дигар озмунҳо) ба ваҷҳи гиромидошти забони модарӣ ва хидматҳои қаҳрамонони Тоҷикистон дар ин самт аз ҷумлаи он навҷӯиҳои наш-рия метавон номид. Гуфтаниҳо дар ин маврид зиёданд, аммо бо истифода аз фурсат таъкид менамоем, ки самаровар мебуд агар  ин анъанаи «Ҷумҳурият»-ро дигар нашрияҳо низ ба роҳ гузоранд. Албатта, гап сари ғолибият дар озмун нест. Аммо ин як омилест, ки аз донишҷӯи мактаби олӣ то муҳаққиқу адибро такон мебахшад, то чизе ҷолибтару муҳимтар гӯяду офарад. Ин як омилест, ки ба ваҷҳи он чандин матолиби хуби дигар дар қолаби мавзӯоти худшиносиву ватандӯстӣ бо завқи дил навишта мешаванд, ки чун моли таърих боқӣ мемонанд. Зеро рӯзнома бойгонии таърих аст ва рӯзе ба он чун ба  сарчашмаву маъхазҳо муроҷиат менамоянду дараҷаи меҳру муҳаббати ватандории замонҳои гуногунро қиёсҳо менамоянд. Чуноне ки замоне устод Айнӣ дар саҳифаҳои он менавишту имрӯз он навиштаҳоро чун як ганҷинаи пурарзиш меомӯзему таҳқиқ менамоем.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2017    №: 200    Мутолиа карданд: 2404
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед