мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОНАЛД ПОЛЛЕТТ
21 сентябр дар шаҳри Ню - Йорк мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президент - мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал электрик” - и ИМА дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баргузор шуд.
Аз имкони мулоқоти дуюм дар давоми соли равон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои доимӣ дар оянда ба густариши робитаҳои Тоҷикистон ва ширкати “Ҷенерал электрик” такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои манфиатборро дар соҳаи энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таъмини таҷҳизоти муосири энергетикӣ таъкид карда, изҳори боварӣ намуданд, ки истифодаи таҷриба ва имконияти муосири ширкати “Ҷенерал электрик” метавонад дар пешрафти соҳаҳои номбаршуда нақши калон гузорад.
Дар мулоқот доир ба дигар паҳлуҳои манфиатбори ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ширкати мазкур табодули афкори судманд доир гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.09.2017 №: 200 Мутолиа карданд: 2391