logo

маориф

МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ БУРДҲО ВА БОХТҲО

Аз гузариши муассисаҳои таълимии кишвар ба маблағгузории сарикасӣ ҳафт сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо баҳсҳо дар атрофи зарур будан ё набудани ин низом хомӯш нагаштаанд.
Низоми маблағгузории сарикасӣ дар Тоҷикистон соли 2010 ба роҳ монда шуд. То он замон маблағгузории муассисаҳои таълимии умумию асосӣ ва ибтидоӣ бо усули мутамарказ, яъне ба воситаи шуъбаҳои маориф сурат мегирифт. Масъулини Вазорати маориф ва илм роҳандозӣ гардидани низоми мазкурро ба осон кардани кори муассисаҳои соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим рабт медиҳанд.
Коршиносон мегӯянд, низоми маблағгузории сарикасӣ чор ҳадафи асосӣ дорад. Дар ин росто дар таҳлилҳои хаттии номбурда омадааст, ки агар дастандаркорон дар татбиқи куллии бархе аз ин аҳдоф қисман ноил шуда бошанд, дар татбиқи чанде аз онҳо ҳанӯз комёб нагардидаанд.
Вазорат корҳои омодагии гузаштан ба ин низомро ҳанӯз соли 2004 шурӯъ намуда, соли 2005 ба тариқи пилотӣ ин низоми маблағгузориро дар 5 шаҳру навоҳии кишвар роҳандозӣ кард. Дар аввал мушкили зиёд пеш меомад ва хавфҳо низ кам набуданд. Ин ба замоне иттифоқ афтод, ки ҷаҳонро буҳрони молиявӣ фаро гирифт ва ба шабакаи молиявии Тоҷикистон низ беасар намонд. Аммо мутасаддиён тавонистанд бо ҷалби донорҳои байналмилалӣ нақшаҳои худро амалӣ намоянд. Низоми нав имкон дод, ки бисёр камбудиҳои соҳаи маориф ошкор ва бартараф гарданд, аз ҷумла мактабҳое, ки дар хонаҳои шахсию вагонҳо буданд. Иллат дар он буд, ки мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо мавҷудияти чунин мактабҳоро ба манфиати хеш пинҳон мекарданд.
Аммо дастовардҳо маънии онро надоранд, ки дар низоми маблағгузории сарикасӣ мушкилоте боқӣ намондааст. Дар баъзе ҳолатҳо 90 дарсади маблағи ҷудошуда ва баъзан аз ин ҳам бештар ба фонди музди меҳнат равона мегардад, ки дар натиҷа барои нигаҳдории бинои мактаб ва пардохти хизматрасониҳои дигар маблағ боқӣ намемонад.
Тавре маълум аст, музди меҳнати омӯзгорон вобаста ба дараҷаи маълумот ва категорияи онҳо муайян карда мешавад. Яъне омӯзгороне, ки маълумоти олӣ доранд, аз рӯйи меъёри муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба омӯзгороне, ки маълумоти миёнаи умумӣ доранд, маоши бештар мегиранд. Ба гунаи мисол, омӯзгорони аксар мактабҳои вилояти Суғд дар қиёс ба дигар минтақаҳои кишвар дорои маълумоти олианд ва аз ин хотир, дар он ҷо бахши умдаи маблағи ҷудошуда ба фонди музди меҳнат равона мегардад. Дар дигар манотиқи кишвар ин ҳолатҳо камтаранд. Барои рафъи ин ноҷӯрӣ вазоратҳои молия ва маориф ва илми ҷумҳурӣ ба коршиносони байналмилалии ҳамкорашон пешниҳод кардаанд, то барои дар алоҳидагӣ ҳисобу китоб намудани фонди музди меҳнат ва баъдан пешбинӣ намудани маблағҳо кумак расонанд.
Мушкили дигар, ба андешаи мутахассисони соҳа, бо роҳандозии низоми болозикр ҳанӯз ҳам таъмин нагардидани рақобати озод дар бозори хизматрасониҳои маърифатӣ аст. Ҳадафи “аз дунболи хонанда рафтани маблағ” то охир иҷро нагардидааст.
Ба бовари коршиносон, зимни роҳандозии низоми мазкур хусусиятҳои арсаи маорифи Тоҷикистон то охир ба инобат гирифта нашуда, он ҳанӯз ҳам ба такмил ниёз дорад, ҳарчанд бисёр мушкилоти соҳаро ҳаллу фасл кардааст.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 2420
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед