ҳуқуқ
АВБОШӢ ДУ НАФАРРО НУҲ СОЛУ ШАШ МОҲ БА ЗИНДОН БУРД
Суди шаҳри Ваҳдат ду сокини маҳаллӣ - Файзалӣ Нозимшоев ва Ҷамшед Сангзодаро дар содир намудани ҷинояти авбошӣ муҷрим шинохта, онҳоро мутаносибан аз 8 солу шаш моҳ то 1 сол равонаи зиндон кард.
Тавре Маҳмадназари Шуҳратҷон, судяи суди шаҳри Ваҳдат, ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, судшаванда Файзалӣ Нозимшоев 14 феврали соли 2017 бо ҳамроҳии Ҷамшед Сангзода дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ бо шаҳрванд Амирбек Ғиёсов баҳс мекунанд. Ин баҳс ба муноқиша печида, дар ҷараёни он маҳкумшудагон бо зарби қайчӣ ва латукӯб Амирбек Ғиёсовро маҷруҳ менамоянд, ки номбурда аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бистарии беморхона мегардад.
Бино ба нишондоди маҳкумшудагон ва шоҳидони ҳодиса, ин моҷаро дар пайи таҳқири як писарбача бо номи Шаҳром рух додааст. Гуфта мешавад, ки ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ судшаванда Файзалӣ Нозимшоев дар роҳ ба сӯи сартарошхонаи бозори “Стансия”- и шаҳри Ваҳдат бо ин писарбача рӯ ба рӯ омада, ба чеҳраи зоҳирии ӯ эрод мегирад. Амирбек, ки ҳамроҳи Шаҳром буд, ин амалро таҳқир ҳисобида, дар хитоб ба Файзалӣ мегӯяд, ки чунин муносибат дар баробари як ноболиғ кори хуб нест. Ба ҳамин далел байни тарафҳо баҳси лафзӣ ба миён омада, боиси ниқоргирӣ аз Амирбек мешавад.
Баъд аз баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ин ҳодиса бо ҳукми суд Файзалӣ Нозимшоев тибқи талаботи қисми 3 моддаи 67-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъйиншуда, ҷазои ниҳоӣ - маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 солу 6 моҳ таъйин карда шуд. Ҷамшед Сангзода бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор ва барои як сол равонаи зиндон гардид.
Лашкар ШАРИФ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.09.2017 №: 204 Мутолиа карданд: 1320