туризм
БОҒИ НОДИР. БАРДОШТЕ АЗ ТАМОШОИ БОҒИ БОТАНИКИИ ПОМИР
На онқадар дуртар аз маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ, дар баландии 2320 метр аз сатҳи баҳр, дар ҷойи омезиши дарёҳои Ғунд ва Шоҳдара Боғи ботаникии Помир, ки дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баландтарин боғи ботаникии кӯҳӣ ба ҳисоб меравад, ҷой гирифтааст. Шиносоӣ бо маҷмӯаҳои ботаникиро метавон дарҳол аз даромадгоҳи боғ оғоз кард. Он дорои чор ҳазор навъҳои гуногуни дарахту бутта мебошад.
Боғи ботаникӣ соли 1940 таъсис ёфта, дар масоҳати 624 гектар доман густурдааст ва беш аз 100 гектари онро ҳудудҳои обёришаванда ташкил медиҳанд. Обу ҳавояш камбориш ва байниқитъавӣ буда, ҳарорати миёнаи солона ба +7,80 С мерасад.
Боғи ботаникии Помир барои омӯзиши нашъунамои рустаниҳо дар шароити баландкӯҳ озмоишгоҳи табиии нодир мебошад ва дар байни боғҳои ботанкии ҷаҳон ҷойи махсусро ишғол менамояд. Зеро он ҳамчун манбаи тухмиҳои рустаниҳои баландкӯҳ эътироф мегардад.
Дар боғ осорхонаи «Табиати Помир» фаъолият дошта, дар он нигораҳои тавсифкунандаи хусусиятҳои табиӣ ва навъҳои асосии олами набототу ҳайвоноти ВМКБ ба намоиш гузошта шудаанд. Инчунин, дар он роҷеъ ба география, геология ва хокҳои минтақа маълумоти зиёд пешниҳод гардида, дар лавҳаи васеъ манзараҳои Помири Ҷанубӣ ва Шарқӣ тасвир ёфтаанд. Махсусан, навъҳои гуногуни арча бештар диққатҷалбкунанда мебошанд. Арчаи маҳаллӣ барои сабзгардонӣ дар ҳудуди вилоят зиёд истифода мешавад.
Бахши Осиёи Шарқӣ дар Боғи ботаникии Помир ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Аз шумораи умумии навъҳои дарахтон ва буттаҳо 35 дарсад ба набототи осиёишарқӣ рост меояд. Дар ин бахш беш аз 500 намуди дарахтон ва буттаҳо мутобиқ гардонда шудаанд, ки ватани аслии онҳо Чин, Ҷопон, Шарқи Дур ва Сибир мебошад.
Дар қисмати шимолии боғ шуъбаи рустаниҳои Амрикои Шимолӣ ва дар нишебии ҷанубу шарқӣ шуъбаи набототи Ҳимолой ва Ҳиндукуш ҷой гирифтаанд. Тасаввурнопазир аст, чӣ меҳнати зиёд лозим, то чунин боғро парвариш кард ва дар ҳолати хуб нигоҳ дошт.
Боғ макони дӯстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад. Имрӯзҳо ҳар нафари ба шаҳри Хоруғ омада ҳатман аз ин боғи сарзабу хуррам дидан мекунад ва аз манзараҳои зебои он ва аз боду ҳавои фараҳбахшаш таассуроти рангин мебардорад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2017 №: 205 Мутолиа карданд: 2903