номаҳо
АЗИЗИ ДИЛУ ДИДАИ МОСТ
Воқеан ҳам, табибоне, ки барои дармонбахшии мизоҷонашон аз таҳти дил заҳмат мекашанд, ба савганди касбии хеш содиқанд, ҳамеша азизи дилу дидаи беморанд. Манижа, духтури асабшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, аз зумраи чунин табибон мебошад.
Тавассути мутолиаи шабонарӯзӣ набзи ин риштаи дармонпизишкиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва таҷрибаи пешқадами бадастовардаи олимони соҳа хеле хуб омӯхта, дар таҷрибаи кориаш амалӣ менамояд. Натиҷаҳои бадастомада дар саҳфаҳои монографияи докторияш сабт меёбаду усулҳои самараовару беҳдоштиро вобаста ба фардият ва ҷиҳати равонии беморон муайян месозад.
Модараш на танҳо табиби ҳирфаӣ, балки раҳнаварди илм буд. Беморони зиёде аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пеши ин табиби ҳозиқ дар ҳолатҳои вазнини беморӣ муроҷиат намуда, аз муъҷизакориҳояш умри дубора мебинанд.
Вақте ки маро ба пеши ин духтурон, яъне Манижа ва устодаш профессор Раҳмонов бурданд, ҳар ду чашмам нобино шуда буду тамоми вуҷудам аз ҳаракат монда. Ҳеҷ боварӣ надоштам, ки аз ин гуна дарди ҷонкоҳ зинда мемонам. Аз хешу табори ба аёдат омада бо ашки шашқатор пиҳилӣ металабидам. Дар муддати се моҳи табобат гӯё аз нав зинда шудам. Ҳоло мустақилона ҳар рӯз 50 - 100 метр роҳ мегардам. Як чашмам мисли пеш хуб мебинад. Дигар ягон ҷоям дард намекунад. Ҳар як тағйироти вуҷудамро ба Манижаи хоксору донишманд мерасонам ва дар бораи рафти минбаъдаи табобат аз ӯ маслиҳатҳо мегирам. Бо ин хотир, ба ӯ умри дароз ва неруи қавӣ таманно мекунам.
Гулчеҳра ҲОМИДОВА,
ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.10.2017 №: 207 Мутолиа карданд: 2475