ҳуқуқ
ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ҶАВОНМАРД ДАР НОҲИЯҲОИ ДАРВОЗУ НОСИРИ ХУСРАВ МЕАФЗОЯД
Аз 1 октябри соли 2017 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, дар нахустин рӯзи ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Носири Хусрави вилояти Хатлон аз иҷрои нақша гузориш доданд.
Бино ба иттилои Фариддун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа, иҷрои нақшаи даъват дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
- Лозим ба ёдоварист, ки ниҳодҳои масъули даъвати тирамоҳӣ, махсусан комиссариатҳои ҳарбӣ бо мардум ҳамкории зич доранд. Дар ин замина, чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ роҳандозӣ гардидаанд, то таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ зиёд гардад. Маҳз натиҷаи ҳамин тадбирҳои пешаздаъватӣ буд, ки дар нахустин рӯзи гусели наваскарон ба Артиши миллӣ натиҷаҳои мусбат ба назар мерасид. Дар ҷумҳурӣ шумораи даъватшавандагон хеле зиёд аст ва ин имкон медиҳад, ки аз байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷавонони солиму қобили хизмат, ки ба талаботи Артиши миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошанд, интихоб ва ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шаванд, - иброз дошт Ф. Маҳмадализода.
Ба қавли манбаъ, як моҳ пеш ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, алалхусус фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳои тобеи Вазорати мудофиа гузориш пешниҳод карданд, ки омодаанд дар қисмҳои низомӣ наваскаронро ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии ибтидоии наваскарӣ фаро гиранд. Ин курсҳо аслан аз бист рӯз то як моҳ идома меёбанд. Афсароне, ки таҷрибаи на камтар аз панҷсола доранд, муваззаф шудаанд, ки ба ҳар як аскари ба хизмат сафарбаршуда, аз рӯзҳои аввал ғамхорӣ намоянд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон муҳимтарин мактаби обутоби зиндагӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ гирифта, ҳифзи марзу буми Ватанро меомӯзанд. Имрӯз барои сарбозон дар ҳамаи қисмҳои низомӣ шароити зарурӣ муҳайёст.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.10.2017 №: 209 Мутолиа карданд: 1563