ҳуқуқ
АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ВА НАҚШИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ТАЪМИНИ ОН
Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муосири ҳокимияти судӣ таъсис шуда, ба сифати шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Дар ҳамин давра се барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ қабул шуд, ки татбиқи онҳо ба таҳкими ҳокимияти судӣ, такмили қонунгузории соҳа ва кафолати амалишавии меъёри конститутсионии баробарии ҳама дар назди қонун мусоидат кард.
Тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 майи соли 2016, ворид шуданд, дар баробари рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, бешубҳа, ба таҳкими ҳокимияти судӣ ва нақши он дар ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. Дар моддаи ҳаштоду панҷуми Конститутсия, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид шуд, сухан дар хусуси талабот нисбат ба шахсе меравад, ки ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъйин мешавад. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъйин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.
Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе бошад, шахсе таъйин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъйин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад. Ин тағйирот муҳим будани вазифаи судягӣ ва масъулиятнок будани онро таъкид мекунад.
Яъне, дар низоми ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон судя шахсе мебошад, ки адолати судиро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Вазифаи судягӣ тақозо менамояд, ки судя ба ғайр аз ҳуқуқшиноси варзида будан, бояд дорои фазилатҳои хуби инсонӣ бошад, санадҳои судии қабулкардааш таҷассумгари адолати судӣ бошанд.
Ҳамза АКРАМЗОДА,
раиси суди ноҳияи Балҷувон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.10.2017 №: 209 Мутолиа карданд: 1546