ҳуқуқ
ҚОНУНШИКАНӢ. 19 ҲОЛАТ ДАР НУҲ МОҲИ ЯК НОҲИЯ
Бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои риояи қатъии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзини анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои муайянеро ба сомон расондааст.
Тавре Комрон Набиев, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар давраи сипаригашта 181 рейди муштарак гузаронда шуда, 19 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст. Ҳамзамон, дар ноҳия 1249 ҷашну маросим сабт шудааст, ки хароҷоти умумӣ наздик ба 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин, ба ҳар маърака 3198 сомонӣ рост меояд.
Ҳоло дар ноҳия 245 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни сокинони маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва идораву ташкилот суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом медиҳанд.
- Сокинони ноҳия тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшударо амиқ дарк карда, маъракаҳои худро камхарҷ ва бе зиёдаравӣ гузаронда истодаанд. Зеро, мақсад аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мебошад, - иброз дошт К. Набиев.
Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки ба амнияти кишвар низ таҳдид мекунад, дар ноҳияи Шоҳмансур аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар шаҳраку маҳаллаҳо ва масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шудаанд.
Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст, ин рӯ овардани занону духтарон ба фарҳанги бегона, яъне сатру ҳиҷоб мебошад. Бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Шоҳмансур барои аз байн бурдани фарҳанги бегона ва тарғиби либоси миллӣ дар байни бонувон тадбирҳои муассир андешидааст.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.10.2017 №: 210 Мутолиа карданд: 1482