ҳуқуқ
ХУҶАНД. ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Бояд дарк намоем, ки анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ зарурат ба назорати пайваста доранд. Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошта, баробари пешрафт ва рушду такомули ҷомеа ташаккул меёбанд. Қобили таъкид аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баробари дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат яке аз омилҳои муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.
Ин нуктаро Арабшо Солизода, прокурори шаҳри Хуҷанд, дар як суҳбати озоду ошкоро, ки бо иштироки роҳбарони сохтору идораҳо ва фаъолони шаҳр вобаста ба татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат гирифт, баён дошт.
Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, сардори маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ба мо иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот таъкид шудааст, ки тибқи талаботи қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сарулибоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсири фарҳанги бегона эмин нигоҳ доранд. Ба таъкиди прокурори шаҳр, ин маънии онро дорад, ки мо зимни пӯшидани либосҳои ба фарҳангии миллиамон бегона эътибори ҷиддӣ диҳем. Хусусан, ҳангоми иштирок дар тӯю маъракаҳо.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ, ҳамчунин, вобаста ба тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, шарҳу тавзеҳи амиқ баён гардид. Аз ҷумла, ҳадафи тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 матраҳ гардида, оқибатҳои риоя накардани он, ки ҷазои вазнинтарро пешбинӣ менамояд, ба ҳозирин фаҳмонда шуд. Чунончи, агар қаблан моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбинӣ менамуд, ҳоло бар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.
Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки сокинони шаҳри Хуҷанд аз тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшуда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавриди назар истиқбол намуда, дар татбиқи босамари онҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.10.2017 №: 210 Мутолиа карданд: 1557